Хатлон: Таби хунин ба куштор идома медиҳад

Дар натиҷаи гирифтор шудан ба бемории таби хунин (лихорадка) як сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон фавтида ва 6 тани дигар дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Масъулони Бемористони марказии ноҳияи Қубодиён рӯзи 8 август бо хабари мазкурро тасдиқ карда гуфтанд, шахсе, ки бар асари бемории таби хунин (лихорадка) фавтид, Ҷаъфар Фармонови 25-сола будааст. Ба гуфтаи онҳо, шаш тани дигар, ки айни ҳол дар бемористон қарор доранд, таҳти муроқибати пизишкон ҳастанд.

Чорӣ Ҳимматов, сардори бахши санитарию эпидемиологии беморхонаи ноҳияи Қубодиён,  гуфт, «Ҷаъфар Фармоновро дар ноҳияро кана газидааст ва ду рӯзи пеш ӯро ба беморхонаи ноҳияи Шаҳритус бурданд. Вай дар ҳамон ҷо ҷондод.

Табибон бемории таби хунинро аз қабили бемориҳои хатарноки сироятӣ унвон мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҳангоми гирифтор шудани инсон ба ин беморӣ агар нафари сироятёфта дар муддати 3-5 рӯз зери назорат гирифта нашавад, бемор ба марг рӯ ба рӯ хоҳад гашт.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.