“Тоҷик Эйр” ба мизоҷонаш тӯҳфа медиҳад

 Ба  мусофироне, ки тариқи ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” парвоз мекунанд, туҳфа – як дона ручка (қалами худкор)  ва футболка тақдим карда мешавад.

Иқдоми мазкур аз 1 августи соли ҷорӣ ба муносибати 25 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.  Дар ин бора Лола Кенҷаева, сухангӯи ширкати  “Тоҷик Эйр” иттилоъ дода афзуд, ки “ Ин иқдом бо муносибати 25-солагии Истиқлолият ва Рӯзи авиатсияи гражданӣ амалӣ мешавад. Хурду калон  соҳиби туҳфа мешавад».  Дар умум 100 ҳазор муштарии ширкат соҳиби футболка ва худкор, ки дорои рамзи ширкати “Тоҷик Эйр” мебошанд, хоҳанд шуд.

«Тоҷик Эйр» ягона ширкати ҳавопаймоии кишвар аст, ки моликаш давлати Тоҷикистон мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.