80 миллиард доллар зиён дар Тоҷикистон?
Ба иқтисоди Тоҷикистон бинобар рафтани мутахассисон ба хориҷа қариб 80 миллиард доллар зарар расидааст.
Омори умумии зиён аз рафтани мутахассисон дар нишасти “Вазъи таъминоти кадрӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ” ҳафтаи гузашта дар Душанбе садо дод. Анвар Бобоев, мудири бахши муҳоҷирати аҳолии Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демография гуфт, ки “ҳисобҳо дар асоси методикаи СММ нишон медиҳанд, ки дар ҳолати тарки ватан кардани як мутахассис ба давлат ба миқдори 300 ҳазор доллар зарар расонида мешавад. Пас, маълум мегардад, ки аз 266 ҳазор кадри аз Тоҷикистон баромада зарари расида ба кишварамон 79 миллиарду 800 миллион долларро ташкил мекунад”.
Дар нишаст гуфта шуд, ки бахши калони рафтани мутахассисон ё худ “фирори мағзҳо” ба соҳаи тиб дахл дорад ва ҳоло даҳҳо ҳазор пизишку парастори тоҷик дар Русия соҳиби имтиёз ҳастанд. Гуфта шуд, ки онҳо на танҳо барои маош, балки аз фишорҳои дигар ҷилои ватан кардаанд.
Хайём Маҳмудзода, намояндаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳам гуфтааст: “Назарсанҷии табибоне, ки ба муҳоҷират рафтаанд, нишон дод, ки яке аз сабабҳои муҳоҷирати онҳо таъсири пайваста ба корашон аз ҷониби сохторҳои назорати ва қудратӣ аст. Имрӯз қисми осебпазири ҷомеа табиб ва омӯзгор гардидааст”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ