82 млн доллар. Қарордоди соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон
Дар чаҳорчӯби ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Душанбе ду ҷониб шартномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 82 миллион доллар ба имзо расониданд.
Ин ҳамоиш дар чаҳорчӯби нишасти раҳбарони Осиёи Марказӣ, ки 14-15-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сурат гирифт.
Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, зимни ин ҳамоиш тоҷирони ду кишвар дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ба ҳамкории минбаъда дар самтҳои зимни ҳамоиш муаррифишуда тавофуқ карданд.
“Дар ҳамоиш 15 ширкати тавлиди хӯрокворӣ, сохтмон, нафтӣ, кимиё, IT, дорусозӣ аз Қазоқистон иштирок доштанд, ки ба Тоҷикистон молу хадамот содирот мекунанд ва ҳадаф доранд, ки минбаъд содир намоянд. Ҳамзамон аз ҷониби Тоҷикистон 70 намояндаи ширкатҳои тиҷоратӣ иштирок карданд”, — навиштааст манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ