Оғози ҳамкориҳои судманд байни КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ва ТС «Халқ-Бонк»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Санаи 15-уми сентябри соли 2023 мулоқоти Раиси Раёсати Амонатбонк муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо роҳбари ҳайати ТС «Халқ-Бонк»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон — муовини Раиси Раёсати Халқ-Бонк муҳтарам Дилшод Қутлиев баргузор гардид, ки дар он нақшаҳои оғози ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои рушди он мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо паҳлуҳои муҳими оғози ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои мухталифи бонкдорӣ, тавсеаи муносибатҳои муросилотӣ бо ба имзо расонидани Созишнома оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва дар заминаи он тақвият бахшидани амалиёту пардохтҳо бо асъорҳои хориҷӣ, дарёфти масирҳои нави ҳамкорӣ байни бонкҳо, ҳамчунин, табодули таҷриба дар бахшҳои гуногун, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва таъсис додани фазои сармоягузории муштарак ва дигар мавзуҳои вобаста ба соҳаи бонкиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар маҷмуъ мулоқоти дуҷониба дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми ҷонибҳо баргузор гардида, нақшаи ҳамкориҳои муштарак байни роҳбарони бонкҳо баррасӣ гардид.

Амонатбонк ҳамчун як институти молиявии кишвар ҳамеша кӯшиш менамояд, ки дар рушди босуботи иқтисоди миллӣ саҳми арзандаи худро гузорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *