19-уми сентябр «Истиқлол» бо «Ал-Дуҳайл» бозӣ мекунад

Бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар мавсими 2023/24 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар 19-уми сентябр, соати 21:00 дар «Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон тибқи қуръакашии Лигаи чемпионҳои AFC-2023/24 дар гурӯҳи «E» бо дастаҳои футболи «Персеполис»-и Эрон, «Ал-Дуҳайл»-и Қатар ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ рақобат хоҳад кард.

Аз рўи натиҷагирии марҳалаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар минтақа, инчунин се дастаи нишондиҳандаҳояшон хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо дар ҳар минтақа, дар маҷмуъ 16 даста ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Бояд гуфт, ки дар ҳайати дастаи футболи «Ал-Дуҳайл» яке аз ситораҳои олами футбол бразилӣ Филиппе Коутинийо, ки аз дастаи «Ливерпул»-и Англия ба ин даста гузашт, ба Душанбе хоҳад омад.

Довари асосии ин бозӣ рефери FIFA Муҳаммад Ал-Алӣ аз Қувайт хоҳад буд. Ба ў ба ҳайси доварони канорӣ ҳамватанонаш Абдулҳадӣ Ал-Анезӣ ва Аҳмад Аббос кумак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши Ван Ди аз Чин вогузор шудааст. Видеодоварони VAR — Абдулло Ҷамолӣ ва Алӣ Иброҳим, ҳарду аз Қувайт ва Ҷаҳонгир Саидов аз Ўзбекистон ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *