90% -и занон розӣ шудаанд, ки аз ҳиҷоб даст кашанд

Мақомот мегӯянд, дар давоми рейд ё маъракаи махсуси ба гуфтаашон “фаҳмондадиҳӣ”-и фарҳанги милии либоспӯшӣ, тавонистанд танҳо дар ҳудуди Душанбе бо 8 ҳазор зани ҳиҷобпӯш сӯҳбатҳо анҷом диҳанд. Ба гуфтани онҳо, қариб 90 дарсади ин занҳо розӣ шудаанд, ки аз пӯшидани «либоси мазҳабӣ» даст кашида, ба «либоси миллӣ» рӯ оранд.

Аксари ин занҳо гуфтаанд, ки «зери фишори хонаводаҳояшон» сатру ҳиҷоб ба бар кардаанд. Дар маъракаи мақомот, ки рӯзҳои 3 то 13 август бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон баргузор шудааст, намояндагони сохторҳои ҳифзи қонун ва Кумитаи дин ҳам иштирок карданд.

Ин рақам марбут ба чанд гурӯҳи корӣ дар шаҳри Душанбе аст ва омори охирин шояд аз ин бештар бошад. Омори мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ то ҳол ҷамъбаст нашудааст ва дар назар аст, ки рақами ахирро Дастгоҳи иҷроияи президент ҷамъбаст намояд. Мақомот мегӯянд, дар миёни заноне, ки онҳо дар Душанбе сӯҳбатҳо анҷом доданд, сокинони манотиқи дигари кишвар низ ҳастанд

Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯянд, давоми даҳ рӯзи рейд муваффақ шуданд, ки аксари занони ҳиҷобу сатрпӯшро аз пӯшидани “либосҳои бегона” боздоранд. Марҳабо Олимӣ, муовини аввали раиси Кумитаи занон рӯзи 16-уми август гуфт, ҳудуди 90 дарсади ҳамсӯҳбатони онҳо аз ҳисоби занон розианд, ки сатрашонро бикашанд, аммо шавҳарон ва фарзандон ба ин монеъ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *