Имсол лимити барқ камтар мешавад

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, бо даст додани имкон имсол маҳдудияти нерӯи барқ дар кишвар дар фасли сармо нисбат ба соли гузашта камтар хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои об, барои коҳиш додани реҷабандии нерӯи барқ бевосита Президент дастур додааст. Усмонзода дар охирин нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбариаш таъкид намуд, чунин як дастур ба дигар ниҳодҳои дахлдор низ расидааст: “Мувофиқи дастур имсол мо бояд барои Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 1 миллиону 80 тонна ангишт омода намоем, ки ин яе аз корҳои асосӣ барои таъминоти барқ дар зимистони имсола аст”.

Номбурда гуфт, ба тамоми ниҳодҳои дахлдор барои бештар ба хатҳои оби гарм пайваст кардани аҳолии пойтахт супоришҳо ҳаст: “Имкон шавад системаи гармидиҳиро имсол аз миёнаҳои моҳи ноябр ва ё оғози моҳи декабр вобаста ба боду ҳаво ва таъминоти об дар НБО “Норак” фаъол мекунем. Ин маънои онро дорад, ки як моҳ барвақтар таъминоти барқро аз ҳисоби Маркази барқу гармидиҳии Душанбе таъмин намоем ва ин имкон медиҳад, бисёртар барқ истеҳсол намоем ва аҳолии шаҳрро бо барқ ва гармӣ таъмин намоем. Аз ҳисоби ин сарфа мегардад ва онро мо ба деҳоти ҷумҳурӣ равона намуданӣ ҳастем”.

Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар гуфт, соли гузашта дар моҳи октябр агрегати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо тавоноии 150 мегават ба кор даромад ва агрегати дуввум моҳи декабр фаъол шуд. Усмонзода афзуд, “бо дастури Президент тамоми кушишҳоро ба харҷ медиҳем, то таъминоти барқ дар зимистони 2017-2018 беҳтару хубтар гардад”.

Сокинони манотиқи Тоҷикистон даҳсолаҳост, ки шаш моҳи фасли тирамоҳу зимистон аз камбуди нерӯи барқ дар манозилашон ранҷ мекашанд. Танҳо соли гузашта реҷабандии нерӯи барқ дар кишвар нисбатан коҳиш ёфт. Мақомот мегӯянд, танҳо дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун лимити нерӯи барқ куллан аз миён бардошта хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *