90 рӯзи бе виза барои тоҷикон
Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон қарореро имзо кард, ки бар асоси шаҳрвандони 4 кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Либия метавонанд бидуни виза то 90 рӯз дар Туркия бимонанд. То кунун шаҳрвандони ин кишвар метавонистанд танҳо то 30 рӯзи бидуни виза ба Туркия сафар кунанд. Хадамоти матбуоти президенти Туркия гуфт, ин қарор дар давоми ҳафтаи ҷорӣ ба иҷро дароварда мешавад.
Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар роҳи боз кардани дарҳои кишвараш як қадами дигар гузошт. Эрдуғон рӯзи 11 ноябр қарорҳоеро имзо кард, ки бар асоси он ба шаҳрвандони 4 кишвар — Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Либия – ҳаққи сафари бидуни виза ба Туркия ба мӯҳлати то 90 рӯз дода мешавад.
То кунун шаҳрвандони ин кишварҳо ҳақ доштанд, то 30 рӯзи бидуни виза ба Туркия биоянд. Дар қарори президенти Туркия омадааст, ин тасмими нав, ки дар давоми ҳафтаи ҷорӣ ба иҷро хоҳад даромад, барои шаҳрвандони аз 12-сола то 65-сола буда, ҳар нафаре, ки ба Туркия меояд, дар байни 180 рӯз метавонад 90 рӯз дар инҷо бидуни виза бимонад.
Ҳадаф аз ин маҳдудияти охир пешгирӣ аз вуруди онҳоест, ки барои кор ба Туркия меоянд.
Туркия бо ҳадафи ҷалби сайёҳони бештар барои беш аз 100 кишвари дунё низоми бидуни раводид ҷорӣ кардааст.
Шаҳрвандони Русияву Украина ва Беларусу Озарбойҷон қаблан ҳам ҳаққи сафари бидуни виза ба Туркия ба муҳлати то 90 рӯзро доштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ