Вазифаи нави собиқ ноиби сарвазир

Зойир Мирзоев, ноиб-сарвазири пешини Ӯзбекистон раиси ноҳияи Шароф Рашидови он кишвар таъйин шуд.

Мирзоев дар ҷараёни ҷаласаи ғайринавбатии вакилони мардумии Ӯзбекистон ба ин вазифа таъйин шуд, хабар медиҳанд расонаҳо.

Вай 29 октябр баъди ҷанҷоли муҷозоти ғайримаъмулии мансабдорони ноҳияҳои Оққурғон ва Бекобод аз мансаби ноиб-сарвазирӣ барканор шуд.

Мирзоев дар ноҳияи Оққурғон кишоварзони маҳаллиро маҷбур кард, ба хотири об надодани заминҳо дохили ҷӯйбори оби сард рост истанд ва дар ноҳияи Бекобод мансабдорони маҳаллиро барои омода накардани заминҳои кишоварзӣ бо кулухҳо болои сарашон акс гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *