94 млн сомонии Душанбе куҷо шуд?
Ё ҳаққи мардумхӯрон киҳоянд?
Панҷ сол пеш, баъди он ки арзиши роҳкиро дар хатсайрҳои пойтахт бо қарори шаҳрдории Душанбе тағйир дода шуд ва нархҳои мусофиркашонӣ 80 ва 1 сомонию 60 дирам муқаррар гашт, аз рӯзҳои аввал мушкилоти додани бақияҳои 20 ва 40 дирам кӯндаланг ба миён омад. Дар натиҷа миёни ронандагону мусофирон ҷанҷолу хархашаҳо хеста, арзу шикоятҳо аз сифати хизматрасонии ронандагону пулчинакҳо ба унвони шаҳрдории Душанбе хеле афзуд. Шаҳрдорӣ ва мутахассисони соҳаи нақлиёти мусофиркаш роҳи ҳалли мушкилоти мазкурро омӯхта, ба ронандагону мусофирон тавсия доданд, ки дирамҳои фулузиро аз бонкҳо дастрас намоянд. Вале ин тадбир дастгирӣ наёфта, мушкилот ҳалли худро наёфт.
Таҷрибаю мушоҳидаҳои ҳаррӯза ё ба таври дигар таҷрибаи рӯзгор исбот намуд, ки ба ҷойи 80 дирам – 1 сомонӣ ва ба ҷойи 1 сомонию 60 дирам – 2 сомонӣ муқаррар кардани роҳкирои хатсайрҳо ба аз байнбарии мушкилоти номбурда мусоидат менамояд. Воқеан, ба ин аксари мусофирон розӣ ҳастанд, зеро талаб кардани бақияпулӣ асабҳоро хароб месозад.
Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев чанде пеш зимни ҳисоботи солонааш зикр намуд, ки иқтисодчиёни соҳаи нақлиёт ҳисоб кардаанд, ки нақлиёти мусофирбар дар пойтахт тайи 11 моҳи соли 2016 ба 235,9 миллион мусофир хидмат расондааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 фоиз зиёд мебошад.
М. Убайдуллоев далел овардааст, ки ҳамарӯза 4 корхонаи коммуналии нақлиётии шаҳрӣ ва 21 ҷамъияти хусусӣ дар 93 хатсайр ба ҳисоби миёна 197 автобус, 60 троллейбус, 50 микроавтобус ва беш аз 2200 воситаи нақлиёти мусофирбари бахши хусусӣ ба мусофиркашонӣ машғуланд. Раис таъкид кардааст, ки масъалаҳои ҳалталаб дар ин соҳа, пеш аз ҳама, нисбат ба сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, одобу фарҳанги ронандагон, кам кардани анбӯҳи воситаҳои нақлиёт дар хатҳои сайр, беҳтар намудани вазъи техникӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо мебошанд.
Убайдуллоев таъкид намуд, ки мушкилоти надодани 40 дирам бақияпулии мусофирон дар Душанбе тайи солҳои охир маъмулӣ шудааст ва ронандаҳо ба ҷои 1,6 сомонии қонунӣ 2 сомонӣ ва баъзан аз он ҳам бештар роҳкиро мегиранд. Ба гуфтаи коршиносон агар ҳар яке аз 235,9 миллион мусофир, ки давоми 11 моҳ аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кардааст, 40 дирами барзиёд дода бошад, дар маҷмуъ роҳкирои барзиёде, ки ронандаҳо тайи ин муддат гирифтаанд, ба 94 миллиону 400 ҳазор сомонӣ баробар мешавад.
Албатта, ҳисоб кардани зарари пулӣ ба мусофирон душвор нест. Аммо зарари рӯҳию маънавии онҳоро кӣ ҳисобу ҷуброн мекунад? Ба фикрам, минбаъд барои он ки чунин мушкилоти зараровар ба миён наояд, шаҳрдорӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ вазифадоранд, ки маблағи роҳкироро барои хатсайрҳо дурусттар аниқ намоянд, то «ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад». Онгоҳ гапу калочаҳо, ки 94 млн 400 ҳазор сомониро гӯё касе аз шаҳрдорӣ ё ҷамъиятҳои хусусии мусофиркашонӣ ба ҷиғилдонашон мезада бошад, аз миён меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ