Қарори Убайдуллоев оиди баргузории соли нав

Раиси шаҳри Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев барномаи пешвози соли нави 2017-ро дар пойтахти Тоҷикистон тасдиқ кардааст.

Мувофиқи итилои шаҳрдорӣ, бар асоси барнома ороиши хиёбонҳо, насби арчаҳои солинавӣ дар майдони Дӯстӣ, даромадгоҳи Сирки давлатӣ дар назар буда, 31-уми декабр консерти ситораҳои санъати Тоҷикистон баргузор мегардад: “Консерт 31-уми декабр аз соати 19 то 21:00 дар майдони Дӯстӣ дар назар аст. Соати 20:00 давоми 5 дақиқа фейерверки солинавӣ ташкил хоҳад шуд”.

Сардорони Мақомоти коҳои дохилӣ ва амнияти миллиро Маҳмадсаид Убайдуллоев муваззаф кардааст, ки дар рӯзҳои ҷашни солинавӣ барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон чораҳои иловагӣ андешанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *