Тоҷикистону Чин якҷоя бо тероризм мубориза мебаранд

Тамрини муштарак ва зиддитеррористии нерӯҳои Тоҷикистону Чин рӯзи 20 октябр дар ноҳияи Ишкошими Бадахшон шурӯъ шуда, тайи чаҳор рӯзи оянда дар тамрингоҳи Шитарв идома мекунад.

Ҳукумати вилояти мухтори Бадахшон мегӯяд, ин тамрин бино бар нақшаи таъйидкардаи президенти Тоҷикистон сурат мегирад ва ҳадафаш таҳкими марз бо Бадахшони Афғонистон аст, ки ду соли ахир ба минтақаи ноамн ва маҳалли ҷангҷӯён табдил шудааст. Вале мақомот нагуфтаанд, ки дар ҷараёни ин тамрин аз чӣ навъ техникаҳои низомӣ истифода шуда ва чӣ теъдод аз сарбозону афсарон иштирок мекунанд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1300 километр марзи муштарак дорад, ҳамеша аз ноамниҳо дар қаламрави ҳамсояаш нигарон аст. Дар як соли охир вазъ дар шимоли Афғонистон ноамн шуда, чандин минтақа зери назорати ҷангиёни мухолифи давлат, аз ҷумла Толибон, гузаштааст.

Ҳукумати Тоҷикистон пайваста таъкид мекунад, ки марз бо Афғонистон таҳти назорати шадид аст ва дар сурати хатарҳои эҳтимолӣ, нерӯҳои ин кишвар омодаанд, бо душман муқовимат кунанд.

Тоҷикистону Чин, ки дар гузашта асосан аз ҳамкориҳои тиҷоратӣ мегуфтанд, дафъаҳои ахир аз ҳамкориҳои низомӣ ва амниятӣ бештар ҳарф мезананд. Чин то кунун дидбонгоҳи сарҳадии «Гулхан»-ро дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, дар марз бо Афғонистон сохт ва ба истифода дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *