Дар мактабҳои Қазоқистон дигар ҳиҷоб пӯшидан маън аст!

Вазорати маориф ва илми Қазоқистон эълон кард, ки дар мактабҳои ин кишвар пӯшидани ҳиҷоб манъ аст.

«Пӯшидани либосҳои мазҳабӣ, ҳиҷоб, бурқаъ манъ шуд ва пештар ҳам мамнуъ буд», — хабар додааст муовини вазири маориф ва илми Қазоқистон Элмир Суханбердиев.

Вазорати мазкур ҳамчунин мегӯяд, таблиғи мустақим ва ё ғайримустақими дину мазҳаб дар мактабҳои дунявии Қазоқистон номумкин аст. Вазорат ёдрас мекунад, ки аз 14 январи соли 2016 дар ҳамаи мактабҳо либоси ягона ҷорӣ шудааст ва ҳамаи хонандагон бояд он гуна либос пӯшанд.

Либоси ягона барои хонандагон ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои дунявӣ ва сохти давлатдории Қазоқистон аст, омадааст дар хабари вазорат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *