Илмҳои БЕ номзад ва номзадҳои БЕ илм

Ё вақте унвонро яке мегираду ихтироъро дигар кас мекунад

… Трактори аҷибу хурдакаке, ки дар як паҳлуи чамбараки идоракуниаш парчами хурдакаки Тоҷикистон дошт, ба сари замин расида, плуги худро бардошту дубора ба қитъаи нав даромад. Вақте ки наздиктар омада, як каф хоки онро ба даст гирифтам, дидам, ки ин тракторча заминро хеле нарм кардааст. Ҳайрон шудам, ки чунин тракторро ин марди деҳқон аз кадом заводи Тоҷикистон ва ё ширкати хитоӣ харида бошад?

Ба саволи ман деҳқони “тракторчӣ” бо табассум гуфт:

— Аз ширкати Шаҳбозу Мирсарвар. Онро нахаридаам, балки барои ҷуфти заминам барои як рӯз талабида гирифтам.

Ҳайратам афзуду боз тагпурсӣ кардам:

— Чӣ, онҳо ин техникаро харида, ба шумо иҷора медиҳанд?

Ин дафъа деҳқони иҷоракор қаҳ-қаҳ хандиду гуфт:

— Не, онҳо худашон инро месозанд…

Кунҷкобии касбиам аланга гирифту пайи таҳқиқи “заводи” Шаҳбоз шудам. Маълум гардид, ки Шаҳбоз Қосимзода, ки худ устои таъмири мошинҳост, на танҳо трактору дигар таҷҳизоти муҳаррикдор, балки аз пилораммаи сайёр сар карда, то обҷӯшонаки саҳроӣ ихтироъ карда, ба ҳоҷатмандон медодааст. Вақте ки бо худи онҳо суҳбат кардам, маълум гашт, ки Мирсарвар хатмкардаи Донишкадаи хоҷагии қишлоқ (агроном) ва Шаҳбоз — писари тағои ӯ пас аз мактаби миёна дар ягон ҷой таҳсил накардааст. Аммо Мирсарвар Иброҳизода  мегӯяд, ки дар ин кор саҳми Шаҳбоз зиёдтар аст. Зеро ӯ танҳо “идея медиҳаду” кам-кам спонсорӣ (сарпарастӣ) мекунад. Шаҳбоз бошад, аз оҳанпораҳои мошину тракторҳои вайрона “техникаи навбаромад” месозад.

 — Дасти ин бачаҳо дардро набинад, ки кори моро хеле осон карданд,-мегӯяд деҳқони куҳансоле, ки бо тракторча байни ҷӯяҳои кишташро нарм мекард.- Охир, дар замони шӯравӣ заминҳо хеле калон буданд ва дар онҳо тракторҳои калон кор мекарданд. Ҳоло бошад, замин бо порчаҳои хурд байни деҳқонон тақсим шудааст ва кор фармудани техникаи калону серхарҷ имкон надорад. Бо трактори Шаҳбоз бошад, бо харҷи кам худамон метавонем ҳоҷатамонро барорем.

Ин ду нафаре, ки номбар кардем, дар Тоҷикисон ягона нафароне нестанд, ки бо чунин ихтироъкорию ҳунармандии худ ном баровардаанд. Ба ёд орем ҷавонеро, ки гаҳвораи худҷунбон ихтироъ намуда буд ва  ё он нафареро, ки дар Кӯлоб самолёти хурдакак сохта, ба ҳаво боло шуда буд. Ин ҳама ихтироъкорони “худрӯид” тоҷик буданд. Тавре аз ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ медонем, чунин “худрӯидҳо” дар аксар минтақаҳои кишвари мардумаш соҳибистеъдоди мо ҳастанд, ки ягон хел унвони илмӣ надоранд ва баъзеашон ҳатто маълумоти дуруст ҳам нагирифтаанд. Давлат бошад, ҳар сол барои маълумотнок кардани даҳҳо номзадҳои илму докторҳои илм маблағ сарф мекунаду худи ин “олимон”, ки баъзан рисолаҳои “таълифнамудаашон” мавриди таҳқиқи “Диссернет” қарор мегираду плагиаташон (нусхабардориашон) фош мешавад, вақти худро беҳуда сарф мекунанд. Ман дар назар дорам бештар онҳоеро, ки мувофиқи мантиқ бояд олим буданашон собит гардад, яъне фарз кардем, номзади илми техникӣ бояд ягон ихтироот ва ё кашфиёти чашмрасе дошта бошаду барои он патент (ҳаққи муаллифӣ) гирад. Дар мавриди номзаду докторҳои илмҳои гуманитарӣ чизе намегӯям, зеро кашфиёту тадқиқоти онҳо аксаран дар рӯи варақи сафед аст ва онро наметавон барои ҳамагон муаррифӣ кард. Аммо тавре мардум мегӯянд, “олими беамал — замбӯри беасал”. Пас чаро олимони мо, ки аксарашон воқеан ҳам соҳибистеъдоданд, вобаста ба ниёзи мардум амал намекунанд? Фарз кардем, ихтирооте намекунанд, ки ба ниёзи мардум нигаронида шуда бошад…

Тавре деҳқони куҳансол гуфту такрори гуфтаи ӯ шавад ҳам, мегӯем, имрӯз ин деҳқон, ки соҳиби замин шудааст ва он як гектар ё каму беш аз он аст, на ниёз ба трактори серхарҷу калонҳаҷме мисли К-700 ва ё МТЗ, балки ба “мини тракторҳо” — “мини плугҳо” дорад. Ихтирооте бояд кард, ки мавриди зарурати рӯз бошад. Ин ҷо гила аз соҳибкорон низ кардан мумкин аст, ки бештар ба овардану ба фурӯш гузоштани моли хориҷӣ ва техникаи хориҷӣ (махсусан хитоӣ) машғуланд ва касе аз онҳо ҷуръат намекунад, ки истеҳсоли “мини”-ҳоро дар кишвари худамон ба роҳ монад ва ё ақаллан (барои мисол) аз патенте, ки онро  Маркази патент ва иттилооти Тоҷикистон ба олими ихтироъкори навъи беҳтарини семент Абдуҷалил Мирҷамолов додааст, истифода бурда, истеҳсоли онро ба роҳ монад ва ин ягона ихтирооти истифоданашудаи олимони тоҷик нест. Кореро, ки як ҳунарманди деҳотии бемаблағ, вале боистеъдод метавонад ба анҷом расонад, магар як пулдори калон карда наметавонад? Албатта метавонад, фақат ин ҷо ҳисси ватандорию дурбинӣ лозим, ки ин корро кунад. Мо олимони хуб ҳам дорем, истеъдодҳои баланд ҳам дорем, маблағҳои калон ҳам дорем, вале на хоҳиш дорему на ҳавсала. Ба тайёрхӯрӣ одат кардаем ва то “аз боло” нагӯянд, коре карданӣ нестем.

Инак, “аз боло” гуфтанд ва то соли 2026 дар кишвар солҳои рушди саноат эълон гардид. Канӣ олиму канӣ ихтироъкор ва канӣ соҳибкори ватанӣ, ки гуфтаҳои болоро иҷро кунад?

Интизорем…

А. АҲМАДЗОДА, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *