Масъуд Пизишкиён бо унвони профессори фахрии ДДТТ мушарраф шуд

Масъуд Пизишкиён профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино шуд.

Дипломи профессори фахриро ба Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода дар фазои тантанавӣ супорид.

Ҳамчунин, Масъуд Пизишкиён аз Маркази симулятсонии донишгоҳ дидан намуда,  бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи тандурустии кишвар мулоқот кард.

Пас аз анҷоми мулоқоту вохӯр Масъуд Пизишкиён дар дафтари меҳмонони фахрии донишгоҳ соядаст гузошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *