Ақидаҳои зиддидинӣ дар ашъори Ҳофиз?!

Аз номи ин мавзуъ бармеояд, ки гӯё Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ҳамзамон гӯяндаи ашъори зиддидинӣ ҳам мебошад. Ҳол он ки, дар дин шинохти ақидаи дуруст ва доштану даркаш басо муҳим арзёбӣ мешавад. Агар дар ақида зидди дин бошӣ, пас мусулмон нестӣ. Талқини ин ақида ва ибрози он бо ашъори ҷовидона магар хоси Ҳофизи Шерозӣ аст?

Имрӯз ҳар нафаре, ки аз адабиёти классикии мо огоҳ аст ва ин шоири лисонунғайбро шинохтааст, на танҳо аз чунин мавзуву баён шарм медорад, балки нафрат менамояд. Аммо бо гуруҳе, ки ба ҳақиқату асрор пай набурдаанд, чӣ метавон гуфт? Кӣ дар гумроҳ намудани ин афрод гунаҳгор аст? Ҷуброни ин амал магар даст медиҳад? Мутаассифона, не.

Ба мо — хонандагони синфи 8-уми пеш аз замони Истиқлоли давлатӣ чунин таълим медоданд. Албатта, мо ба китоби дарсӣ ва омӯзгоронамон наметавонистем, ки бовар накунем. Аз ҷумла, ман дар ин мавзуъ соли 1976, ки бояд синфи 8-умро дар мактаб — интернати №2-и ба номи Абдусалом Деҳотии шаҳри Кӯлоб хатм мекардам, иншо навиштам. Бо ин ки ба ашъори ин шоири ориф ба василаи дастхатҳо, нашри ашъораш дар он рӯзгор бо хати сирилик ошно будам, бовар мекардам, ки ӯ ақидаҳои зиддидӣ низ дорад.

Таҳлил, қиёс, хулосабарории дуруст маро дар 15-солагӣ, бешак, даст намедод, чун ба василаи дигар фанҳо низ дин афюни халқ шиносонда мешуд. Бо падарам ҳам баҳс мекардам, ки Хоҷа Ҳофиз дар ашъораш ақидаҳои зиддидинӣ дорад.

Бо омӯзиш батадриҷ ҳақиқати аслӣ бароям рух намуд ва дарёфтам, ки он чӣ ба мо дар ин маврид омӯхтаанд, нодуруст будааст. Ҳисси кунҷкобӣ боло мегирифт ва мехостам сабаби онро муайян бикунам. Нахустин саволе, ки посухашро меҷустам, ин буд: «Оё муаллифи китоб худ бедин аст ва ба он душманӣ дорад?». Баъдҳо боз ин пурсиш ранҷам медод: «Шояд муаллиф саводи кофӣ надораду натавониста ба умқи ашъори Хоҷа Ҳофиз бирасад?».

Хушбахтона, чунин набудааст. Муаллифро як омӯзгори ботаҷриба, донишманд, донандаи хуби ашъори шоир дарёфтам. Азбаски синну солаш ба ҷое расида буд ва мавқеи шоиставу обрӯ дар байни омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дошт, натавонистам бипурсам, ки чаро чунин андешаро баён доштааст. Инчунин, ашъори Хоҷаро қасдан шарҳи нодуруст додааст. Имкони ислоҳи ин ақидаи нодуруст қариб ба ҳар сол вуҷуд дошт, чун китоби дарсӣ ба соле як маротиба нашр мешуд.

Дунёи Ҳофиз, ҷаҳонбинии ӯ барои мо — филологҳо, суханшиносон, дигар шинос буд ва ба чунин навиштаҳо ҳеҷ бовар намекардем. Аз ин рӯ, мегуфтем: «Мо ҳақиқатро фаҳмидем, аммо дигарон чӣ? Онҳоро кӣ мефаҳмонад? Наход ба дасти худ миллатамонро гӯл бизанем, қасдан, дидаю дониста аз ҳақиқат дур бисозем? Магар шарт буду ҳаст, ки ин мавзуъ ба китоби дарсӣ роҳ биёбад? Оё ба ин васила мехостанд мардумамонро бедин низ бикунанд? Мардумони дигар, мусулмонон ба чунин фаҳмиши нодурусти мо эрод намегиранд, намеханданд?».

Соли 1985 дар ягона Телевизиони Тоҷикистон (он замон Студияи Телевизиони Душанбе) ҳамроҳи коргардон Шералӣ Нағзалиев ду намоиш: ба ашъори Умари Хайём ва Ҳофизи Шерозӣ омода кардем. Дар ҳамин вақт аз боло, яъне аз Масква, супориш шуд, ки тарғиби шаробу шаробнӯшӣ ба ҳеҷ ваҷҳ дар воситаҳои ахбори омма роҳ наёбад. Ба ин асос роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ амр кард, ки намоиши Умари Хайём аз тариқи телевизион нишон дода нашавад.

Дар мавриди намоиш аз ашъори Ҳофиз гуфтанд, ки аз баҳри байтҳои дар дохилашон «шароб»-дошта бибароем. Яъне, бояд аз баҳри онҳо мегузаштем. Чунин ҳам кардем, аммо як намоише шуд, ки агар нишон дода мешуд, бар он хандаи кас меомад. Аз баъзе ғазалҳо шаш ё чор мисраъ боқӣ монда буданд. Ҳамроҳи коргардон ба ин хулоса омадем, ки аз баҳри ин намоиш низ бигузарем. Масъалаи мушкилтар додани ҳаққи ровигии ҳунарпешагон буд, ки он мусбат ҳал нагардид.

Он замон ҳарчанд ба маъмурият фаҳмондем, ки ин ду шоири маъруфу маҳбуби ҷаҳонӣ шаробро тараннуму тарғиб накардаанд ва муродашон шароби аслӣ нест, нафъе набахшид. Онҳо гуфтанд, ки мо мефаҳмем, аммо амр аз боло аст ва бояд бе муҳокима иҷро бишавад.

Солҳои 1986 — 1987 дар Муассисаи таҳсилоти умумии №29-и ноҳияи Нуробод (он замон Комсомолобод) аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс мегузаштам, аз ҷумла дар синфи 8-ум. Аз рӯи китоби дарсӣ ва барномаи таълимӣ мебоист Умари Хайём ва Ҳофизи Шерозиро ба хонандагон нафароне мешиносонидам, ки дар ашъорашон ақидаҳои зиддидинӣ роҳ ёфтаанду мавқеи устувор доранд. Ба дунёи поку беолоиши ин хонандагон назар мекардаму ҳеҷ розӣ намешудам бо дурӯғ онро нопок бигардонам, дар ҷиҳолаташон бигузорам. Вале ҳамчун омӯзгори он даврон, ки дар ҷамъият идеологияи комунистӣ мавқеи устувору асосиро дошт, наметавонистам ҳақиқатро ба дурустӣ баён бидорам. Зарур шумурдам, ки диққати онҳо, яъне хонандагонро ба азёд кардани шеърҳои ин ду шоир ҷалб намоям.

Шукр, ки ба Истиқлоли давлатӣ расидем ва аз баҳри чунин дурӯғҳо, туҳматҳо дар ҳаққи шоирони оламшумоламон баромадем. Чун имкони дуруст назар кардан ба гузаштаи начандон дури таърих бештару беҳтар фароҳам омад, маълумамон шуд, ки муаллифи китоб аз оғози барқарории сохти нав, бунёди ҷумҳурии сотсиалистӣ борҳову борҳо мавриди танқиди сахти беасос қарор гирифтааст. Барои баёни ҳақиқат, хоса агар он ба дин ва сохти давлатдории пешини мо иртибот мегирифт, кас душмани синф, шахси тарафдори сохти феодалӣ, амирӣ муаррифӣ мегардиду солҳои мадид бояд дар пушти панҷараи маҳбасхона умрашро мегузаронд. Ба ҳар як калима, ибора ва мисраву ҷумлаҳои адибони гузаштаи мо душманони миллат эрод мегирифтанд. Ба ин васила мехостанд собит бисозанд, ки мо адабиёти асил надорем. Албатта, он замон, хоса адибон, олимон, муаллифони китобҳои дарсӣ бо идеологияи мавҷуда, душманони дохиливу берунӣ дар баёни андешаи дуруст бар сари ҷон меларзиданд, аз ояндаи ногувори аҳли байт дар ранҷ буданд, аммо бо ин ҳама мағзшӯии миллат, гумроҳ намудани бештар зарар дошт.

Қасдан, дониста дар ҷаҳолат гузоштани миллат, фикр мекунам, ки ҷуброннопазир аст. Аз ин рӯ, ба қадри Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои миллӣ бояд бирасем ва шукргузор бошем, ки озодему ҳақиқат дастрас мебошаду моро, миллатро ба гумроҳӣ намебаранд.

Абдулқодири РАҲИМ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *