оила

Барои андеша: Оилаи серкӯдак — оилаи муваффақ

Ба гузориши расонаҳо, боло будани мизони таваллуд дар мамлакати моро Бонки Ҷаҳонӣ омили фақру нодорӣ ҳисобидааст.

Ба ибораи дигар, ин бонк аз мардуми мо мехоҳад барои фақрзудоӣ зоишзудоӣ кунанд. Дар ҳоле, ки ин нуктаро намешавад саҳл пиндошту нодида гирифт.

Тарафи дигари масъала низ хеле ҷолиб аст. Ба мушоҳидаи ману ошноёнам, аксарияти мутлақи одамони муваффақ дар самту соҳаҳои гуногун дар мамлакати мо аз хонаводаҳои серкӯдаканд. Яккафарзандҳои муваффақ ва ё муваффақҳо аз оилаҳои камкӯдак зиёд ба мушоҳида намерасанд.

Пас, ҷиҳати коҳиши фақр шояд зоишро бояд зиёд кард. Кӯдаки зиёд, яъне хонаводаҳои калон. Хонаводаҳои калон, яъне хостгоҳи одамони муваффақ.

Саъдӣ ВОРИСОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *