Резаахбори варзишӣ: Аз чемпионати АМА то бозии дӯстона дар Душанбе

То 8-уми ноябр дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб Чемпионати ҷаҳонии ҷиу-ҷитсу баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа Сунатулло Одинаев (46 кг), Муҳаммадҷон Хоҷаев бо Ибодулло Ибодов (ҳарду дар вазни 56 кг), Рошид Неъматов (73 кг) ва Маъруфҷон Назарзода (94 кг) Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Ҳамзамон, миёни ашхоси маъюб (пара ҷиу-ҷитсу) Абдуманон Раҳимов дар вазни 77 кг аз Тоҷикистон намояндагӣ хоҳад кард.

***

Самандар Муродов, муборизи 23-солаи ММА аз Тоҷикистон дар мусобиқаи Road to UFC (Роҳ ба сўи UFC) дар охири даври аввал Ҷиан Сикуэйраи бразилиягиро бӯғӣ карда, 9-умин пирўзии худро ба даст овард. Ҳоло барои ў роҳ ба лигаи UFC боз аст ва пас аз тасдиқи номзадиаш аз ҷониби роҳбарияти Лига ў сеюмин муборизи тоҷик дар UFC хоҳад шуд. Ин мавзуъ дар ояндаи наздик пас аз эълони номи рақиби баъдиаш маълум мешавад. Дар ҳоли ҳозир Нурулло Алиев ва Муин Ғафуров муборизони UFC ҳастанд.

***

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки аз рўи натоиҷи Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт ба қатори панҷ тими беҳтарини мусобиқот шомил шуд, бо ноибқаҳрамони Аврупо — тими миллии футзали Русия ду бозии дўстона анҷом медиҳад. Дар ин бора ФФТ хабар медиҳад. Рўзҳои 7 ва 8-уми ноябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ миёни дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Русия бозиҳои дўстона баргузор мешаванд.

***

Ассотсиатсияи футболи Украина (АФУ) мехоҳад, ки Русия аз FIFA ва UEFA хориҷ карда шавад. «АФУ ба FIFA ва UEFA муроҷиатнома ирсол карда, талаб мекунад, ки нисбати Созмони футболи Русия (СФР) таҳримҳои сахттаринро татбиқ кунанд. Яъне, Русия аз FIFA ва UEFA хориҷ карда шавад»,- гуфтааст роҳбари АФУ Андрей Павелко. Ба гуфтаи Павелко, сабаби ба миён омадани чунин талабот пайвастани минтақаҳои нав ба чемпионати Русия аст.

***

Зайниддин Раҳимов сармураббии нави дастаи «Равшан»-и Кўлоб таъйин шуд. Раҳимов дар ин вазифа Боир Эгамбердиевро иваз кард. Эгамбердиев баъди бохт аз дастаи “Истиқлол” тарки вазифа кард. Зайниддин Раҳимов «Равшан»-ро дар бозии охирини марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон муқобили дастаи «Хатлон» роҳбарӣ кард, ки ин вохўрӣ бо натиҷаи 1:1 ба анҷом расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *