Аҳамияти  бебарқӣ (нақиза)

Дўстони азиз, хонумҳо ва ҷанобон, перомуни аҳамияти барқ, яъне “свет” бисёр гуфтаанд, ки садҳо ҷилд китоби ғафс-ғафс мешавад. Аммо бандаи ганда илман исбот мекунам, ки аҳамияти бебарқӣ, яъне беравшанӣ бисёру бузургтарин аст.

То ба имрўз касе чунин андешаи илмӣ ва фалсафӣ изҳор накардааст, ки ман кардам:

— Шабона барқ лозим нест, шаби торик барои хобидан ва роҳат кардан аст. Рўзона бошад, Офтоб бас аст. Шукр кунед, ки то имрўз касе “Пули гармию рўшноии Офтобро деҳ!” нагуфтааст!

Агар барқ бошад, назди телевизор мешиниву аз шарру шўри дунё сарат ба дард медарояд. Аз кору рўзгори хеш мисол меорам, ки бо тамоми ҳаёти деҳотиён мушобеҳ аст.

Вақте ки дар деҳаи мо чароғи барқӣ аз се шабонарўз зиёд фурўзон шуд, булбулаки кадбону ба хониш медарояд. Дилакаш телевизори шишакалони пачақ, телефон, фонусакҳои барқӣ, яхдон, компютер, боз кадом чизҳои дигар мехоҳад. Аз ҳама бадтаринаш — мошинаи ҷомашўӣ. Ба гуфти ў, мошинае баромадааст, ки ҳангоми ба ҷараёни барқ пайвастан обро худаш гарм мекардааст, либосро худаш мешустааст, худаш меҷафидааст, худаш хушк мекардааст ва худаш дарзмол карда медодааст. Нархаш… Эҳ, қиматашро напурсед! Ба вай гуфтам:

— Эй занак! Калла дорӣ? Ҷомашўиро мошина кунад, зан чӣ кор мекунад? Вазифаи зан аз чӣ иборат аст?…

Э-ҳа, валвалаю доду фиғон сар шуд-е! “Ҳозир асри 21-ум аст. Ҳоло ҳам мардҳо дар банди феодализму давраи ғуломдорӣ! “Деҳ марав, деҳ мардро аҳмақ кунад, ақлро бенуру беравнақ кунад!”-ро дар асри 13-ум гуфта буданд. Ин мардҳои тираақли мо кай кошифу ихтироъкор шуда, баробари дигарон қадам мемонда бошанд?! Э-вой дод-е!”- боз ба мисли ҳамин гапҳои кўчагиву лабиҷўйборӣ мебораду меборад. Ман худ ба худ ғурунгос мезанам: “О, ҳар рўз ҳамсояҳоямон чиниҳо бо навигарӣ ва ихтироъҳо дўкону мағозаҳои моро пуропур карда партофтаанд, ҳамин қадар чизи бисёр бас нест?!”. Э, канӣ гўши пандшунав?… Тоқат намекунаму меравам ба макони азалии мардҳо — чойхона. Дар ин ҷо як чойник чой ва нимта нон роҳати ҷон аст. Дар сари як пиёла чой тарақо-туруқи доминобозӣ оғоз меёбад. Баъди он ки ҳарифат “казёл” мешавад, қаҳ-қаҳаву доду фарёдро бинед-да! Яъне ҳаёт дар ҷўшу хурўш аст дар ин ҷо. Шумо нагўед, ки як ҳунар доштааст, дар қартабозӣ ҳам устухон надорем, дар нардбозӣ низ касе ҳатто як ангушти моро хам карда наметавонад. Лубой бозингарро пачақ карда метавонем!

Ман дар як ҷо посбон мебошам, як сутка кор мекунаму ду сутка бекорам. Э-не! Бекор не, ба мусобиқаи доминову қартаву нардбозӣ мераваму обрўи худ ва деҳаамро мебардорам. Маошам ба шиками худам мерасад, ризқи зану кўдакро Худо медиҳад. Дар аввали шаб, ҳангоми чароғи ба мисли милмилаки бобоӣ хирасўзи барқӣ, ки аз ҷараёну шиддаташ ҳатто телефон дуруст заряд гирифта наметавонад, хомўш мешавад, чойхоначӣ “тўйи калон пагоҳ” гўён, дари чойхонаро мебандад, ба хона меояму соф-соф карда, ҷойи хобамро меёбам ва уф-фф, аз ғояти хастагӣ зуд хобам намебарад. Каме ба хаёл ғўтта мезанам: “Хуб шуд, ки ҳамин лимити барқ ҷорӣ гашт, вагарна ин занҳо калимаҳои маҳз ба худашон дахлдошта — гаҳвора, тағора, гўсола, ошхона ва хишоваро батамом фаромўш карда, ба гурўҳи вожаҳои архаистӣ хеле барвақт дохил мекарданд. Барқ нест, занак ҳам дар валвалаи худ лимит ҷорӣ карда, гўё ба тақдир тан додааст. Мана, барвақтакак хоб мекунӣ, аз хоб сер мешавӣ, пули барқро камтар месупорӣ. Ин хуб нест?!

Бинобар ҳамин, ман аз номи аксари мардони деҳа ва дигар деҳаҳо арза мекунам, ки лимити барқ дуру дароз идома ёбад ё худ батамом барқ надиҳанд ҳам, мо сад дар сад розием! Агар лозим бошад, садҳо имзо ҷамъ оварда, ба хоҷаву мутасаддиёни барқ мефиристонем…

Котиб-ул-ҳуруф Ҳаким Алӣ (Назаралиев), шаҳри Ҳисор, деҳаи Ғуриёт

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *