Муҳаммад: Илтимос, бо тоқии тоҷикӣ оед!

Яке аз варзишгарони бомаҳорати тоҷик — Муҳаммад Наимов, ки чанд сол мешавад дар Амрико кору зиндагӣ мекунад, дар мусобиқаи UFC 294 баромад мекунад.

Пешопеши рақобати навбатиаш дар ин ташкилоти бонуфуз Муҳаммад Наимов дар як мусоҳиба аз мухлисонаш як хоҳиш кард: “Илтимос, бо тоқии тоҷикӣ оед. Биёед, нишон диҳем, ки аз таҳти дил мухлисӣ мекунед ва дар умум номи тоҷику Тоҷикистонро баланд мебардорем”.

Ҳоло маълум нест, ки дар UFC 294 чанд нафар тоҷик иштирок мекунад, вале варзиши мо умед дорад, ки ӯро маҳз бо тоқии тоҷикӣ ҳамватанон дастгирӣ мекунанд.

Муҳаммад Наимов аз ҷумлаи чор тоҷикест, ки дар UFC баромад ва моҳи октябр дуюмин рақобаташро барпо мекунад. Дар рақобати аввал ӯ тариқи нокаути техникӣ ғолиб омада буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *