Аҳмадшоҳи Масъуд: Афғонистон замоне ором мешавад, ки…

Мусоҳибаи Шариф Ҳамдампур бо Аҳмадшоҳи Масъуд

—Қисмати асосии Афғонистон имрӯз таҳти итоати толибон қарор дорад. Айни замон вазъият дар минтақаҳои зери назорати онҳо чӣ гуна аст?

—Чандон хуб нест. Толибон заиф шудаанд, аз нигоҳи низомӣ тавонмандии соли гузашатаро надоранд.

—Сабаб чист?

—Ихтилофи назар миёни онҳо боиси ба гурӯҳҳо тақсим шуданашон гаштааст. Решаи ихтилоф –миллатгароӣ ва таъвизи нажодист, ки онҳо пеш гирифтанд. Як теъдод Уламо (олимони дин) аз онҳо ҷудо шуданд. Ҷудоӣ миёни мулло Умар ва мулло Раббонӣ гурӯҳҳои ба ҳам зидро ба вуҷуд овардааст. Гурӯҳҳои хурди дигар низ миёнашон зиёданд.

—Ихтилофи дохилӣ дар чӣ асос аст?

—Маҳалгароӣ. Масалан, дар Ҷалолобод, Пактиё ва Пактико, ки ҳама паштунзабонҳо ҳастанд, қандаҳориҳо ҳукмронӣ мекунанд. Ин боиси ҷудоӣ ва зиддияти миёни худи паштунҳо гаштааст. Маҳалгароӣ ҳаргиз ба хубӣ намеанҷомад. Мардуми ҳар маҳал мехоҳад ҳокими сарнавишти худаш бошад. Хуллас, сиёсати миллатгароӣ ва маҳалгароии толибон мардумро аз онҳо дур сохт ва байнашон ҷудоӣ андохт.

—Бо вуҷуди ин толибон дар ҷабҳаҳо ба пирӯзӣ ноил мегарданд.

—Тавре ки гуфтам, воқеият дигар аст. Собиқ толибон минтақаҳои ғарб ва шимоли Афғонистонро таҳти назорат доштанд. Ҷангҳо асосан дар қисмати Парвон, Каписо ва Тахор сурат мегирифтанд. Баъд аз муддате мо тавонистем пойгоҳҳои худро дар шимол дубора аз толибон озод созем ва онро ба ғарби Афғонистон — вилояти Ғур, шарқи Ҳирот ва Фаррох интиқол диҳем. Дар ин қисматҳо пойгоҳҳои мо устувор гаштанд. Ҳоло ҷангҳои шадид дар шимол ва ғарби Афғонистон атрофи Мазори Шариф, Самангон, ҷануби Сари Пул, Форёб, шарқи Фароҳ, Ҳирот ва Ғур ҷараён доранд. Ҳамчун дар шарқи Афғонистон минтақаҳое, ки паштунҳо сукунат доранд— Ҷалолобод, Кунар ва Дағмон чанд рӯзи охир ҷанг меравад. Мақсади толибон он аст, ки бо ҳар  роҳ пойгоҳи моро дар минтақаи паштуннишин, ки дар ҳамсарҳадии Покистон аст, ишғол намоянд. Мувофиқи маълумоти мо покистониҳо ва толибон ба хулосае омаданд, ки дубора дар Парвон, Каписо ва шимоли Кобул амалиёти ҳарбӣ гузарониданд. Яқин дорам, ки онҳо мисли соли гузашта ноком хоҳанд монд.

—Имрӯз номи қумондонҳое дар забон аст, ки чанд сол пеш онҳоро касе намешинохт. Онҳо кистанд ва чӣ гуна вирди забонҳо шуданд?

—Пайдоиши онҳо тақозои вазъияти кунунии Афғонистон аст. Ибтидо мардум ва толибон алоқамандӣ доштанд ва роҳи наҷотро дар онҳо медиданд. Вале бо гузашти вақт ин алоқамандӣ камтар гардид ва “роҳи наҷот” онҳоро ба вартаи ҳалокат бурд. Ҳоло кор ба ҷое расидааст, ки дар минтақаҳои таҳти итоати толибон мардум қиём мекунанд ва носозгор  будани афкори худро ба онҳо баён месозанд. Қиёмҳо дар навбати худ шахсиятҳо—пешоҳангони тозаро ба миён меоранд. Онҳо аз қавму миллатҳои гуногунанд, барои ҳифзи диёрашон ба кӯҳу дараҳо мебароянд, силоҳ мегиранд. Масалан, Ҷузҷону Сари Пул дар дасти уламоест, ки пештар ҳеҷ шӯҳрате надоштанд. Дар Тахору Парвон сарварӣ ба дасти ҷавононест ки таълими хуби низомӣ доранд. Чунончӣ, Довуд қумандони номдор дар Тахор аст, Бимисллоҳ дар самти шимоли Кобул, доктор Иброҳим дар Ғур. Онҳо минтақаҳои зиёдеро аз дасти толибон озод намуданд, муборизаашон дар самти шоҳроҳи Ҳирот –Ҳелманд ва Ҳирот—Қандаҳор ба некӣ хоҳад анҷомид.

—Толибонро бисёр ҳизбҳо ва гурӯҳҳои ифротӣ аз кишварҳои дигар ҷонибдорӣ ва мададгорӣ мекунанд. Масалан, Ҳизб—ут—таҳрир, ҷудоихоҳони ӯйғур, чеченҳо…

—Ин ҳама ҳизбу гурӯҳҳо ва толибон воситае ҳастанд дар дасти Покистон. Покистон мехоҳад як умқи (нуқтаи) исломӣ дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва ғайра дошта бошад. Барои расидан ба ин мақсад аз мамлакатҳои гуногун зархаридонро ҷамъ мекунанд ва низомиёни покистонӣ онҳоро таълим медиҳанд. Дар навбати худ онҳо мувофиқи сиёсати стратегии Покистон дар Афғонистон ва Осиёи Миёна амал мекунанд ва манфиатҳои ин кишварро ҳимоя мекунанд. Ҳамаи онҳо аз як марказ идора мешаванд. Бори дигар зикр мекунам: Покистон мехоҳад як умқи исломӣ ва ҷуғрофӣ дар минтақа дошта бошад.

—Мувофиқи баъзе маълумотҳо намояндаи Ҳизб—ут—таҳрир, Ҷумъаи Намангонӣ дар хоки Афғонистон аст. То кадом андоза ин иттилоъ аосонок аст?

—Ӯ айни замон дар минтақаи Йӯлдоши Мазори Шариф мебошад.

—Мегӯянд, ки гурӯҳҳои нав аз ҷумлаи ӯйғурҳо ва чеченҳо дар Афғонистон амалиёт доранд. Оё ин дуруст аст ва маркази онҳо дар куҷост?

—Як марказ дар Пишовар доранд. Марказҳои дигари онҳо дар Афғонистон – Кобул, Қандаҳор, Ҳирот ва Кундуз аст.

—Дар кадом минтақаҳо онҳо таълими низомӣ мегиранд?

—Онҳо асосан дар Ришхӯр ва шимоли Кобул зери роҳбарии одамони Уссом бини Ладен таълими ҳарбӣ мегиранд. Сипас ба тарафи сарҳад равон мешаванд. Вазифаи марказҳое, ки дар сарҳад аст, сафарбар кардани онҳо ба Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо мебошад.

—Чеченҳои зиёде, мегӯянд, вориди Афғонистон шудаанд. Онҳо дар ҷангҳои дохилӣ иштирок мекунанд?

—Аз дохили Афғонистон шуданашон маълумот дорам. Вале дар ҷабҳаҳо бо онҳо рӯ ба рӯ наомадаам. Маркази онҳо дар Мазори Шариф, Кобул ва Қандаҳор аст.

—Гурӯҳи “6+2” ва дигар кишварҳо кӯшиш бар он доранд, ки ҷанги Афғонистон аз роҳи музокирот ҳал шавад. Чӣ бояд кард, ки толибон барои нишастан ба сари мизи музокирот водор гарданд?

—Барои он ки толибон водор ба музокирот шаванд, ду омил муҳим аст: 1. Муқовимат дар дохили Афғонистон; 2. Қатъи мудохилаи хориҷӣ ба умури Афғонистон.

Муқовимате, ки айни замон дар баробари таҷовузи Покистону толибон вуҷуд дорад, бояд қавитар ва мустаҳкамтар гардад. Аз тарафи дигар, фишори байналмилалӣ болои Покистон бештар шавад, то ки аз дахолати мустақим ба умури Афғонистон даст кашад. То замоне, ки мудохилаи Покистон ба умури Афғонистон ҷой дорад, сулҳ дар минтақа имконпазир аст. Зимнан мехоҳам зикр кунам: мудохилаи Покистон маҳдуд ба Афғонистон намемонад. Ин кишвар ҳадафҳо ва барномаҳо нисбати Осиёи Миёна ва дигар минтақаҳо дорад. Барои расидан ба он аз гурӯҳҳои ифротӣ истифода мекунад. Аз ин ҷост ин бӯҳрон танҳо бӯҳрони Афғонистон нест, балки бӯҳрони Осиёи Миёна ва тамоми минтақа мебошад. Роҳи ягона—қавитар гардонидани муқовимат ва таваҷҷуҳ ба нерӯҳое аст, ки дар муқобили ин қувваҳо қарор доранд. Вале, мутаассифона, то имрӯз нисбати мо ба ҷуз ҳамдардии лафзӣ ва сиёсӣ, дигар ҳеҷ гуна кӯмаке сурат нагирифтааст, ҳатто ёрии оддии башардӯстона.

(соли 2000)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *