Аҳмадзода: Бинои нави Ҳукумат ва парлумон дар давоми се сол сохта мешаванд

Дар нишасти матбуотии имрӯзаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, ки пандемияи коронавирус ба рафти сохтмонҳо дар сар то сари ҷумҳурӣ таъсир гузошт.

Аз ҷумла, гуфта шуд, ки бояд мутахассисони чинӣ, ки масъули сохтмони бинои нави ҳукумат ва парлумони кишвар мебошанд, аз сабаби ин беморӣ алҳол ба Тоҷикистон омада наметавонанд.

«Аммо ин биноҳо бояд дар давоми се сол сохта шаванд», — таъкид намуд Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумита. Ба гуфти Аҳмадзода, аз таъсири бади каронавирус, ҳамчунин фондҳои асосии сохтмонӣ 137 миллион сомонӣ камтар шуданд. Сармоягузорӣ ба сохтмон низ камтар шуд. «Сохтмонҳо ягон лаҳза боздошта нашуданд. Мо барои сохтмончиён дар мавриди чӣ гуна давом додани сохтмон дастурамали махсус тартиб дода, дар байни онҳо тақсим намудем”, – гуфт дар рафти нишаст роҳбари Кумита Ҷамшед Аҳмадзода.

Ба саволи хабарнигори “Тоҷикистон» оид ба он, ки оё то имрӯз ҳам лоиҳае, ки шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳандозӣ карда буду он “Манзили дастрас” ном дошт, амал мекунад ё не, чунин ҷавоб дод: «Ин тарҳ идома дорад ва сохтмони хонаҳои арзон барои шаҳрвандон ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин, Аҳмадзода иттилоъ дод, ки айни замон дар кишвар 2113 ширкати сохтмонӣ амал мекунанд, ки 80 ширкати он хориҷӣ аст. Аз ҷумла, қисми асосии онро ширкатҳои чинӣ ташкил медиҳанд, ки 32 ширкати сохтмонӣ аз ин кишвар мебошанд. Баъдан, 14 ширкати эронӣ, 10 ширкати русӣ ва 4 ширкати туркӣ амал мекунанд.

Қисмати боқимонда аз кишварҳои дигар аст. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон боз ба чандин саволҳои хабарнигорон ҷавоб дод ва қисмати асосии ин нишаст бо саволу ҷавоб сипарӣ гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *