Ду куштор дар як рӯз: Куштори бародар ва додар арус

Кормандони милитсия аз боздошти марди 31-солаи ва 24-солае хабар медиҳад, ки яке бародари ҳамсар ва дигаре бародари худро ба ҳалокар расонидаанд.

Тавре дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад, санаи 15-уми июли соли 2020, тахминан соати 16:23-дақиқа марди 31-солаи сокини ноҳияи Ховалинг бо бародари ҳамсараш, марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи мазкур дар роҳи автомобилгарди «Восеъ-Ховалинг», дар кӯчаи 8-март вохӯрда, дар дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки ба марҳум марди 35-сола тааллуқ дорад, баҳсу муноқиша намудаанд.
Сипас, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани марҳум аз ҷайби шими дар танаш буда, 1-адад корди ошхонагии бо худ доштаашро гирифта, 6-маротиба дар аъзои бадани марҳум задааст.
Дар натиҷа марҳум ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидааст.

Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини пойтахт бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 15-уми июли соли 2020, тахминан соати 20:00 дар хонаи истиқоматиашон бо бародараш ҷавони 18-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда 1-маротиба дар қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *