Аҳмадзода бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашии Сомғор ва Рухак шинос шуд
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ ва ҳолати кунунии каналҳои минтақаҳои Сомғор ва Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, бо мақсади таъмини заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ ҳамасола аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, таъмиру навсозии иншооти обрасонӣ ба роҳ монда мешавад.
Аз ҷумла, соли равон барои пойгоҳҳои обкашии минтақаҳои Сомғор ва Рухак ду агрегати нав харидорӣ ва насб карда шудааст, ки дар натиҷа ҳолати обрасонӣ беҳтар гардидааст. Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия зиёда аз 22 ҳазор гектар заминро тавассути пойгоҳҳои обкашӣ шодоб мегардонад. Дар ноҳия 33 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дошта, дар мавсими имсола таҷҳизоти техникӣ аз таъмир бароварда шудааст.
— Барои таъмини фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ дар назар аст, ки дар мавсими оянда чор агрегати нав харидорӣ карда шуда, масъалаи таъминоти оби полезӣ дар минтақаҳои зикршуда пурра ҳал гардад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ