Кӯлоб мизбони Форуми байналмилалии иқтисодӣ мешавад

Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон баргузории Форуми байналмилалии иқтисодии “Кӯлоб-2022” дар назар аст. Мақсад аз баргузории ин форум муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва густариш додани ҳамкориҳои соҳибкорон тоҷик бо соҳибкорони хориҷӣ аст.

Аз шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии Мақомоти ҷироияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки рӯзҳои 26-27-уми августи соли 2022 баргузории Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар назар аст. Дар доираи ин чорабинии сатҳи баланд намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсоли кишвар дар самти саноат, кишоварзӣ ва хизматрасониҳои бонкӣ пешкаши меҳмонон гардонида хоҳад шуд.

Дар Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» иштироки соҳибкорони чанд кишвар дар назар аст. Аз соҳибкорони тоҷик хоҳиш шудааст, ки бо мақсади шиносоӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар Форум иштирок кунанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *