Аҳмадзода дар Исфара собиқадорони меҳнатро аёдат намуд
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ду нафар собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, раиси вилоят ба манзили Виктория Смирнова ва Кубро Собитова ташриф оварда, бо шароити зиндагии онҳо шинос гардид.
— Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдатшудагон кумакҳои моддии хешро расонида, фарорасии Соли нави мелодиро ба онҳо табрик гуфт. Виктория Смирнова ва Кубро Собитова аз ҳусни таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимӣ изҳори хушнудӣ намуданд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ