Дар назди қонун ҳама баробаранд

Ёрии ройгони ҳуқуқии давлатӣ махсусан дар кишварҳое, ки дар онҳо аҳолии камбизоат қисми қобили мулоҳизаро ташкил медиҳанд, аҳамияти хос пайдо мекунад. Тоҷикистон шомили ҳамин гуна кишварҳо маҳсуб мешавад, аз ин рӯ, дар мақолаи мазкур кӯшиш шудааст, ки ба ин масъала равшанӣ андохта шавад.

Кафолатҳои конститутсионӣ

Кумаки ҳуқуқӣ яке аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ буда, ба шаҳрвандони бисёр кишварҳо, новобаста аз қобилияти пардохтии (вазъи молии) онҳо кафолат дода мешавад.

Дар Тоҷикистон ёрии ройгони ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони камбизоат тибқи моддаҳои 17, 19, 21 ва 92-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад. Масалан, дар моддаи 17-и Қонуни Асосй гуфта шудааст, ки хамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ, маълумот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкӣ, дар назди қонун ва суд баробаранд. Моддаи 19 ба ҳар як шаҳрванд ҳимояи судиро кафолат медиҳад ва шахс аз лаҳзаи боздошт ҳуқуқ дорад аз хидмати адвокат истифода барад.

Дар моддаи 21-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқҳои ҷабрдида тавассути қонун пешбинӣ гардидааст ва давлат ба ӯ ҳимояи судӣ ва ҷуброни зиёнро дар сурати расонидани зарар ба ӯ кафолат медиҳад.

Моддаи 92 бошад, таъмини кафолати расонидани ёрии ҳуқуқиро дар ҳамаи марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ пешбинӣ мекунад.

Дар Тоҷикистон, тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, қариб 25 дарсади шаҳрвандон, яъне қариб ҳар 4 нафар сокини мамлакат ба қишри камбизоти ҷомеа мансуб мегарданд.

Тибқи як пажуҳиши СММ дар соли 2019, ҳамасола дар Тоҷикистон 710 000 нафари аз 18-сола боло бо баҳсҳои додгоҳӣ рӯ ба рӯ мегарданд.

Ин тадқиқот инчунин нишон дод, ки 39,8% шахсони воқеӣ дар се соли охир мушкилоти ҳуқуқӣ доштанд.

Бояд қайд кард, ки мушкили ёрии ройгони ҳуқуқии давлатӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз дар авоили солҳои 90-ум, баъди эълони истиқлолияти давлатӣ ва воқеаҳои баъд аз он, яъне буҳрони иқтисодӣ, ислоҳоти пулӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ инчунин доғу тезу тунд гардид. Ин воқеаҳо сабаби паст гардидани некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар гардиданд.

Маҳз ба ҳамин хотир 4 июни соли 1992 Девони Вазирони Тоҷикистон Қарор «Доир ба пӯшонидани хароҷоти шаҳрвандон аз ҳисоби давлат бобати расонидани ёрии ройгони ҳуқуқӣ аз ҷониби адвокатҳо»-ро қабул кард.

4 ноябри соли 1995 бори аввал шартҳо оид ба расонидани ёрии ройгони ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон қонунан дар моддаи 19-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» сабт гардид.

Аммо мушкили ёрии ҳуқуқии ройгони давлатӣ дар Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 2000-ум тезутунд гардид, вақте ки созмонҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон тавсия доданд, то масъалаи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгонро дар сатхи қонунгузорӣ ҳаллу фасл кунад.

Маҳз аз ҳамин давра як қатор ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои худ ба додани машваратҳои ройгон ба шаҳрвандони камдаромад шуруъ карданд.

Қобили зикр аст, ки то қабули Консепсияи ёрии ҳуқуқӣ дар соли 2015 дар баробари ташкилотҳои ҷамъиятӣ сохторҳои давлатӣ низ ба қишрҳои камбизоат ёрии ройгони ҳуқуқӣ мерасониданд, яъне дар назди шуъбаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ҷумҳуриявии буҳронӣ фаъолият мекард, ки бештар ба занони муҳтоҷ дар масоили хонаводагӣ ёрии ройгони ҳуқуқӣ мерасонд.

Созмонҳои ҷамъиятӣ бо кумаки созмонҳои байналмилалӣ дар доираи барномаҳои гуногун ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла маъюбон, муҳоҷирони меҳнатӣ, гирифторони ВНМО, нашъамандон, афроди аз зиндон озодшуда ва қурбониёни хушунат дар оила ёрии ҳуқуқӣ мерасониданд.

Ёрии ройгони ҳуқуқиро ба гуруҳҳои алоҳидаи аҳолӣ инчунин вакилони дифоъ (адвокатхо) тибқи Қонуни ҶТ «Оид ба адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» мерасониданд.

Мушкилоти адвокатҳо

Омӯзиши масъалаи расонидани ёрии ройгони ҳуқуқӣ тайи даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон нишон дод, ки дар роҳи татбиқи ин ҳадаф мушкилоти зиёде ба миён омадаанд, ки онҳо дар рафти мониторингҳои гуногун муайян карда шуданд.

Аввалин тадқиқот дар ин самт соли 2005 аз ҷониби Бюрои ҳуқуқи инсон гузаронида шуда буд, ки як қатор мушкилоти асосии ин соҳаро ошкор намуд, аз ҷумла:

— вуҷуди номутаносиб миёни шумораи парвандаҳои ба судҳо ирсолшуда ва шумораи адвокатҳое, ки метавонисанд ин парвандаҳоро ба уҳда гиранд;

— ёрии ройгони ҳуқуқиро аз рӯи парвандаҳои «тибқи таъинот» танҳо адвокатҳои Коллегияи адвокатҳо мерасониданд;

— камбуди доимии адвокатҳо (вакилони дифоъ);

— номгӯи ягонаи парвандаҳо ва шахсоне, ки метавонистанд ба онҳо ёрии ройгони ҳуқуқӣ расонида шавад, вуҷуд надошт;

— аксар вақт тамоси аввалини айбдоршаванда бо адвокат танҳо дар марҳилаи охирини тафтишоти пешакӣ ва баъзан ҳангоми баррасии якуми парванда дар суд, вақте ки аҳамияти ёрии ҳуқуқӣ аз байн меравад, сурат мегирифт;

— сифати намояндагии ҳуқуқӣ дар доираи ёрии ҳуқуқӣ ғайриқаноатбахш буд;

— системаи назорати сифати кори адвокатҳои «таъинӣ» вуҷуд надошт;

— баҳисобгирии ягонаи оморӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ вуҷуд надорад;

— арзиши хизматрасонии адвокатҳо аз руи парвандаҳои «таъинотӣ» нисбати парвандахои қарордодӣ 50-70% арзонтар аст;

— набудани моддаи ҷудогона дар буҷаи давлатӣ оид ба ёрии ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ ва аз ин бештар, ҳукуматҳои маҳаллӣ аксар вақт барои пардохти маблағи кумаки ҳуқуқӣ имконоти молиявиро надоштанд.

Мониторинги мазкур инчунин нишон дод, ки адвокатҳои таъинӣ ба як қатор мушкилот дучор мешаванд. Ин, пеш аз ҳама, дар дер пардохтан ва мураккабии тартиби пардохти хизматрасонии онҳо зоҳир мегардид.

Адвокатҳо на ҳамеша барои иштирок дар парвандаҳои ҷиноятӣ аз рӯи таъинот, асосан аз сабаби набудани маблағ дар буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳаққи кори худро мегирифтанд. Баъзан, ҳатто агар маблағ пардохт ҳам мешуд, на ҳама парвандаҳо сари вақт пардохт мегардиданд, аз ин рӯ, адвокатҳо бояд моҳҳо интизор мемонданд.

Ба гуфтаи адвокатҳо, онҳоро асосан ба парвандаҳои таъинотӣ бо далели муфлисии шахси таҳти тафтиш қарордошта ва бо дархости мақомоти тафтишотӣ ва суд ҷалб мекарданд, ки бо қарори онҳо маблағи пардохти парвандаҳои таъинотӣ муқаррар мегардид.

Пас аз 4 сол, Мадина Усмонова, роҳбари “Маркази кумаки ҳуқуқии Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонуният” қайд кард, ки тақрибан 50 % аҳолии кишвар ба табақаи камбизоат дохил мешаванд, аз ин рӯ, аксари айбдоршавандагон ва ҷабрдидагон ба хадамоти ҳуқуқӣ муроҷиат накардаанд.

Ба гуфтаи М. Усмонова, мушкили расонидани ёрии ройгони ҳуқуқиро ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон қисман ҳал мекунанд ва дар натиҷа, ба шаҳрвандони камбизоат, ки шумораи онҳо дар кишвар зиёд аст, хизмат мерасонанд.

Аз ҷумла, “Лигаи занони ҳуқуқшинос”, “Маркази ҳуқуқи башар” ва “Бюрои ҳуқуқи инсон”, ки танҳо дар соли 2008 ба 4355 муроҷиати шаҳрвандон кумаки ҳуқуқӣ расонидаанд. Барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт М. Усмонова як қатор тавсияҳо пешниҳод мекунад, аз ҷумла:

— аз ҳисоби як банди алоҳидаи буҷаи давлатӣ зиёд кардани музди хизмати адвокатҳо;

— тарроҳии механизмҳои муроҷиат барои ёрии ройгони ҳуқуқӣ ба иттиҳодияҳои адвокатҳо ва дақиқ намудани меъёрҳои муфлисии афрод, ки барои муайян кардани камбизоат будани онҳо мусоидат мекунанд;

— тарроҳии меъёрҳо барои ашхосе, ки ба мафҳуми «осебпазир» тааллуқ мегиранд;

— ҳавасманд намудани ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ барои ташкили барномаҳои ройгони кумаки ҳуқуқӣ ва барномаҳои таълимӣ барои мутахассисони ғайриҳуқуқӣ.

Натиҷаҳои тадқиқот

Дар соли 2011 Бюрои ҳуқуқи башар бо 38 нафар сокинони шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа бо мақсади муайян кардани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ мусоҳиба гузаронидааст.

Тадқиқот нишон дод, ки нисфи пурсидашудагон дар бораи ҳуқуқ ба адвокати ройгон дар сурати набудани маблағ барои пардохти ҳаққи вайро 18 мусоҳиб медонистанд.

Бо вуҷуди ин, барои такмили механизми мавҷудаи расонидани ёрии ройгони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, муаллифони тадқиқот як қатор тадбирҳоро пешниҳод мекунанд, аз ҷумла:

— қабули Қонун «Дар бораи кумаки ройгони ҳуқуқӣ»;

— танзими масъалаҳои расонидани кумаки ройгони ҳуқуқи оид ба парвандаҳои гражданӣ (ғайриҷиноӣ) ва дигар категорияҳои парвандаҳо дар сатҳи қонунгузорӣ;

— танзими қонунгузории масъалаи иштироки адвокати (вакили дифоъ) таъинотӣ дар тартиби кассатсионӣ ва назоратӣ;

— дар буҷаи давлатӣ пешбинӣ намудани банди алоҳида оиди аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ҷумҳуриявӣ пардохт намудани музди меҳнати адвокатҳое, ки дар парвандаҳои таъинотӣ ширкат мекунанд ва гайра.

Дар соли 2012 Бунёди Авруосиё риояи ҳуқуқ ба кумаки ройгони ҳуқуқӣ бо мақсади муайян кардани дастрасии хизматрасониҳо ба адолати судӣ дар байни сокинони Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон назарсанҷӣ гузаронидааст. Ин пажуҳиш маълум кард, ки як қатор омилҳое вуҷуд доранд, ки мардум ба худи мафҳуми адолат дар ин кишварҳо шубҳа доранд. Барои намуна:

— Дар Қирғизистону Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ мардум ба ашхоси бонуфуз, яъне ба намояндагони таъсиргузор, аз ҷумла ба раис ё пири деҳа муроҷиат карданро авло медонанд.

— Дар ҳар се кишвар одамон дар бораи ҳуқуқҳои қонунии худ тасаввуроти норавшан доштанд. Танҳо 50 % аҳолии Қазоқистон, 43 % ҷамъияти Қирғизистон ва 31 % аҳолии Тоҷикистон медонанд, ки ҳангоми баррасии парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқи гирифтани адвокати ройгонро доранд.

— Набудани маблағ ва қимати баланди хидматрасонии адвокатҳо (вакилони дифоъ). Бо вуҷуди он, ки 60% аҳолии Қазоқистон гуфтаанд, ки медонанд аз куҷо маслиҳати ҳуқуқӣ гиранд, танҳо каме бештар аз 30% аҳолии Қирғизистон ва 20% аҳолии Тоҷикистон мутаносибан медонистаанд, ки ба куҷо муроҷиат карда метавонанд.

— Дар ҳар се кишвар бештар аз фасодзадагии низоми судӣ шикоят мекунанд. Дар Қазоқистон 61 % аҳолӣ низоми судиро фасодзада мешуморанд, дар Қирғизистон 73 % аҳолӣ ва дар Тоҷикистон бошад, теъдоди чунин афрод 22%-ро ташкил намуд.

Тадқиқоти «Мушкилоти ҳуқуқӣ: эҳтиёҷоти аҳолӣ ба хидматрасонии ҳуқуқӣ ва роҳҳои ҳалли амалии онҳо», ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» соли 2012 гузаронида шудааст нишон дод, ки мушкилоти бештари ҳуқуқӣ, ки посухгӯяндагон бо онҳо дучор мешаванд, инҳоянд:

— дарёфт ва бақайдгирии қитъаҳои замин;

— дарёфт ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолати шаҳрвандӣ;

— мушкилоти ҳуқуқии оилавӣ;

— мушкилоти марбут ба муҳофизати иҷтимоӣ ва таъмини иҷтимоӣ.

Мушкилоти «муносибатҳои оилавӣ» бештар ба посухдиҳандагони синну солашон «18-29-сола» (43%) ва «аз 30 то 45-сола» (40%) дахл дорад.

Барои 70% пурсидашудагон, ки ба мушкилоти шахсии ҳуқуқиашон тазаккур доранд, рафти ҳаёти ҳаррӯза душвортар гардид. Барои аксарияти мутлақ (96%) ҳалли масоили ҳуқуқӣ барои ҳаёташон муҳим буд.

Онҳо барои кумаки ҳуқуқӣ тақрибан ба ҳамин андоза ҳам ба адвокатҳо-аъзои коллегияи адвокатӣ (40%) ва ҳам ба идораҳои ҳуқуқии ройгони созмонҳои ғайридавлатӣ (41%) муроҷиат кардаанд. Дар баробари ин, ба хидмати адвокатҳои хусусие, ки тибқи иҷозатнома кор мекунанд, бинобар зарурати пардохти ҳаққи хидмати онҳо талабот зиёд набуд.

Тавсияҳои СММ

Мушкилоти расонидани ёрии ройгони ҳуқуқӣ, ки беш аз якуним сол боз ҳалли қонунии худро пайдо карда натавонист, дар охири моҳи июли соли 2013 дар Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид мавзӯи баҳс қарор гирифт. Намояндагони ин созмон изҳор доштанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки давлатии ҳуқуқии бо кафолат барои шаҳрвандони ба ин кумак муҳтоҷ, ки нунаҳкор шинохта шудаанд, дастрас нест.

Баъди чанде муовини аввали нахуствазир, раиси Комиссияи ҳукуматӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, Лоиҳаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016-ро тасдиқ кард.

Дар моддаи 18-уми ин лоиҳа омадааст, ки бояд системаи ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд расондани ёрии ройгони ҳуқуқӣ ташкил карда шавад.

Ҳамчунин, барои иҷрои уҳдадориҳои мазкур дар асоси банди 7-и ин лоиҳа, Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017 қабул гардид, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 январи соли 2015 тасдиқ карда шуд.

Инчунин, дар асоси ин барнома, 2 июли соли 2015 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи расонидани кумаки ҳуқуқии ройгон тасдиқ гардид. Муовини директори Маркази кумаки ҳуқуқӣ Басир Носиров изҳор дошт, ки Консепсияи мазкур дар ташаккули заминаҳои рушд ва такмили минбаъдаи низоми давлатии кумаки ҳуқуқии ройгони давлатӣ нақши муҳим дошт. Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми таҳияи Консепсияи мазкур таҷрибаи хориҷии расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ ва як қатор тадқиқотҳо омӯхта шудааст. Консепсия моделҳои ёрии аввалия ва дуюмдараҷаи ҳуқуқиро дар бар мегирад.

Ҳангоми расонидани ёрии аввалияи ҳуқуқӣ иттилооти ҳуқуқӣ ба аҳолӣ дар бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ, ҳангоми машваратҳои саҳроӣ тавассути телефонҳо пешниҳод карда мешавад; бо роҳи тартиб додани аризаҳо, шикоятҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо; пешниҳоди кумаки иттилоотӣ барои таъмини дастрасии шахсони воқеӣ ба ёрии дуюмдараҷаи ройгони ҳуқуқӣ, дар бораи имкониятҳои ҳалли то судӣ ва баҳсҳои ҳуқуқӣ дар чаҳорчӯби қонунгузории амалкунанда.

Ёрии ройгони ҳуқуқӣ аз таҳияи ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, ҳимоя аз таъқиби ҷиноятӣ, намояндагии шаҳрвандон дар судҳо ва дигар ниҳодҳои давлатӣ иборат аст.

Дар Консепсия таъкид шудааст, ки ҳуқуқ ба ёрии ройгони ҳуқуқии дуюмдараҷаи парвандаҳои ҷиноятӣ (ҳангоми боздошт) вобаста ба имкониятҳои моддии дастгиршудагон, гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон таъмин карда мешавад.

Қарор оид ба ин масъала аз ҷониби Маркази ҳамоҳангсозии қоидаҳо ва расмиёти тасдиқнамудаи Вазорати адлия қабул карда мешавад.

Тибқи Консепсияи мазкур категорияҳои зерини шаҳрвандон ҳуқуқи дарёфти ёрии дуюмдараҷаи ҳуқуқии ройгон дар парвандаҳои ҷиноятиро доранд:

— шахсоне, ки расман бекор эътироф шудаанд;

— шахсоне, ки даромади моҳонаи онҳо аз нишондиҳандаи ҳисоб барои ҳар як узви оила камтар аст;

— заноне, ки фарзандони худро танҳо тарбия мекунанд;

— ноболиғоне, ки васӣ ё парастор надоранд;

— шахсони маъюб;

— нафақахӯрон;

— шахсоне, ки аз зӯроварӣ ва шиканҷа дар оила зарар дидаанд, хешовандони наздик ва аъзои оилаи онҳо;

— шахсоне, ки хангоми адои хизмати харбӣ осеб дидаанд, падару модар ва аъзои оилаи онхо;

— гурезагон ва ғ.

Дар соли 2015 пас аз анҷоми як қатор чорабиниҳои омодагӣ ва муҳокимаҳо дар 4 ноҳияи таҷрибавӣ марказҳои кумаки ҳуқуқӣ таъсис дода шуда, дар ҷамоатҳои ноҳияҳои номбурда шабакаҳои адвокатҳо кушода шудаанд, инчунин барои расонидани кумаки ҳуқуқӣ аз телефонҳои боварӣ истифода шудааст.

Дар ноҳияи Ашт (вилояти Суғд), ноҳияи Ҷиргатол (НТҶ), ноҳияи Роштқалъа (ВМКБ) ва Темурмалик (вилояти Хатлон) марказҳо ва телефонҳои боварии ройгони ҳуқуқӣ фаъолият доранд.

Дар рафти озмоиши КБМ ду намуди кумаки ройгони ҳуқуқӣ — машварати шифоҳии ҳуқуқӣ ва таҳияи шикоятҳои ғайрипротсессуалиро пешниҳод намуд.

Нуралӣ ДАВЛАТ, рӯзноманигор-таҳлилгар

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.