Коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон

Дар нимсолаи аввали соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар ин бора Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин натиҷа аз ҳисоби андешидани тадбирҳои судманд ва пурзӯр намудани назорати прокурорӣ ба даст омадааст.

Дар ин давра мақомоти прокуратура вобаста ба риояи қонунгузорӣ 4 ҳазору 698 санҷиш гузаронида, ҳуқуқи 235 ҳазору 586 нафар барқарор кардаанд. Ҳамчунин, 38 ҳазору 627 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ шуда, 47 ҳазору 602 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд.

Илова бар ин, мақомоти прокуратура 2 ҳазору 842 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *