Зарари сел ба 40 хонаводаи ноҳияи Рӯшон
20 июли соли 2026 дар деҳаҳои Баррӯшон ва Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшони ВМКБ бар асари якбора баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳо сел омад. Хушбахтона, дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Аммо дар натиҷаи офати табиӣ ба 40 хонавода хисороти молӣ расидааст.
Дар деҳаи Баррӯшон 10 хонаи истиқоматӣ пурра зери сел монда, 6 хона қисман ва 14 хонаи дигар осеби сабук дидаанд.

Дар деҳаи Деҳрӯшон бошад, 4 хона қисман ва 6 хонаи дигар осеби сабук бардоштаанд.
Сокинони зарардида ба ҷойҳои амн кӯчонида шуда, бо маводи ғизоӣ ва дигар ашёи зарурӣ таъмин гардидаанд.
Айни замон онҳо дар истироҳатгоҳи тобистонаи ноҳияи Рӯшон ҷойгир карда шудаанд.
Тибқи дастури роҳбарияти кишвар, барои оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра хароб шудааст, қитъаҳои замин ҷудо гардида, интиқоли масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди хонаҳои нав дар назар аст. Ба оилаҳои қисман зарардида низ маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ расонида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ