Дар 6 моҳ беш аз 1320 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шуд

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1321 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро ошкор кардааст.

Дар ин бора имрӯз, 22 июл зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, вобаста ба ин ҷиноятҳо нисбати 711 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, 425 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 504 нафар пас аз анҷоми тафтишот барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст.

Ҳамзамон, кормандони Агентӣ дар ин давра 286 тафтишу санҷиш гузаронида, 315,9 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардаанд. Аз ин маблағ 292,2 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шудааст.

Тибқи иттилои Агентӣ, дар маҷмӯъ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҳисоби ошкор намудани зарар, барқарорсозии маблағҳо, рӯёнидани бақияпулиҳои андоз ва ҷаримаҳои маъмурӣ 449 миллион сомонӣ барқарор гардидааст.

Аз маблағи умумии барқароршуда:

  • 349,5 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ;
  • 87,1 миллион сомонӣ ба корхонаю муассисаҳои давлатӣ;
  • 12,4 миллион сомонӣ ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шаҳрвандон баргардонида шудааст.

Мақомоти Агентӣ таъкид мекунанд, ки мубориза бо коррупсия, ҳифзи манфиатҳои давлат ва таъмини истифодаи шаффофи маблағҳои буҷетӣ аз самтҳои асосии фаъолияти ин ниҳод боқӣ мемонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *