Аҷай Бангаи ҳинду раиси Бонки Ҷаҳонӣ мешавад

Мудирони иҷроияи Бонки Ҷаҳонӣ Аҷай Бангаро раиси Бонки Ҷаҳонӣ интихоб карданд. Дар ин бора Бонки Ҷаҳонӣ хабар медиҳад.

Аҷай Банга моҳи феврали соли 2023 аз сӯи президенти ИМА Ҷо Байден ба унвони номзад ба мақоми раиси Бонки Ҷаҳонӣ пешбарӣ шуда буд, зеро Амрико ба таври анъанавӣ раиси Бонки Ҷаҳониро пешниҳод мекунад. Вай ягона номзад ба ин вазифа буда, 2-юми июни соли 2023 ба муҳлати панҷ сол расман ба кор шуруъ мекунад.

Аҷай Банга як соҳибкори ҳиндӣ-амрикоӣ аст. Банга дар созмонҳои пешбар ва ҳамчунин эҷоди шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ҳалли мушкилоти молиявӣ ва тағирёбии иқлим таҷриба дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *