Нафс. Аз шашлику сауна то “мурғи доначин”-и оши наҳор

Рафиқ Хоҷаев, ман фикр мекунам, ки яке аз сабилмондатарин офатҳо ҳамин нафс аст. Албатта, нафси ҳайвониро дар назар дорам…

Ту чӣ фикр дорӣ? Оё миёни нафси инсонӣ ва ҳайвонӣ фарқият гузошта метавонӣ? Масалан метавонӣ исбот намоӣ, ки дар одамон назар ба нафси ҳайвонӣ нафси инсонӣ бартар аст? Метавонӣ намунае пеш орӣ, ки қаҳрамонат бар нафси ҳайвонӣ ғалаба карда бошад?

Оҳо, ҳо-ҳо. Гумонам, ҳамин ҳоло маро бо он гунаҳгор мекунӣ, ки “ин мардак девона шудааст, худ бо худ, аз ҳар боб, бо хости дили худаш гап мезанад”. Боке нест. Айби ту не. Айби ман ҳам не. Зеро, имрӯз, вақте нафаре аз одатҳои деринаву неки одамони инсонсиришт ёдовар мешавад, пеши назари бисёр нафарон аксиома, ё афсона падид меояд. Чун ин тоифа умре дар боби мансаб, пул, мол, бартарӣ, қаср, бӯстонсаро, мошин, ронандаи шахсӣ, шашлик, сауна, ду-се зан, маъшуқаҳои рангоранг фикр кардаанд. Онҳо боре ҳам кӯшиш накардаанд, ки нафсро дар ботини худ бикушанд!

Нафс чист? Куштани нафс чӣ? Кӣ ба ин кор қодир аст, ҷаноби Хоҷаев? Нафси ҳайвонӣ душмани ашаддии инсон аст. Аммо, мутаассуф, душмане, ки дар дохили инсон ҷой гирифтааст. Дар ин ҳол, куштани нафс дар дохили худ гарон аст.

Мехоҳам бароят як эпизод бигӯям, ҷаноби Хоҷаев! Агар даврони шӯравиро дар ёд дошта бошӣ, як вақт мағозачаҳои хурд-хурд зуҳур карданд. Баъзе одамон дар назди хонаҳои худ нуқтаҳои фурӯш кушоданд. Дар деҳаи мо низ чунин як мағозачае, ки ҳамон рӯзҳо амсолашро “коммерческий” ном мебурданд, пайдо шуд. Хурду калон мизоҷи он буданд. Як рӯз дар он макон баҳсу шартмонӣ ба миён омад. Вафлиҳои он вақт серравғану ширин буданд. “Вафлии лӯчак” мегуфтанд онҳоро. Миёни 7-8 ҷавон шарт ҳамин буд, ки ҳар касе 10 дона “вафлии лӯчак”-ро ба як шаст, бе об ё чой хӯрад, ҳам пули хӯрдаашро мепардозанд, ҳам 10 вафлии дигар барояш мехаранд. Довталаб пайдо шуд. Ӯ ҷавони 15-сола буд. Номашро зикр намекунам. Иддао кард, ки метавонад то 20 дона “вафлии лӯчак”-ро беист фурӯ барад. Якто хӯрд, 2, 3, 4, 5, 6, 7. 8-умаш дар гулӯяш дармонд. Гавҳаракҳои чашмонаш нопадид шуданд. Чашмонашро пардаи сафед пӯшонд. Аз ҳар ҷониб садо омад: “Бас аст!”, “Наметавонӣ!”, “Мемурӣ!”… Аммо, гардан намефаровард. “Мехӯрам… Мехӯӯӯрааам…”,- хиррос мезад ӯ. Пуштнокӣ афтод. Ба сару рӯяш об пошиданд. Ба ҳуш омад. Пули 8 вафлии хӯрдаашро пардохтанд ва боз 10 вафлии дигар барояш хариданд.

Адиби бразилӣ Пауло Коэло мегӯяд, ки “замин захираҳои кофӣ дорад, то талаботро қонеъ созад, аммо барои сер кардани нафс захираи кофӣ надорад”. Дуруст аст, дӯстам Хоҷаев. Дур намеравам. Боз рӯй меорам ба эпизоди дигар, ки худ шоҳидаш будам.

Вақтҳои донишҷӯйии мо оростани оши наҳор мӯд буд. Одатан ошҳои наҳор ба рӯзи истироҳат — якшанбе рост меомаданд. Мизу харак ё курсиҳо ду қатор дар назди даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ гузошта мешуданд. Ман ва ду нафар ҷавони ҳамсоя, ки онҳо низ дар донишгоҳҳо таҳсил доштанд, ба қавле “мафия” шуда будем ва ягон оши наҳори медонистаамонро раҳо намекардем. Як субҳи якшанбе тасмаҳои шимро суст кардаву ба оши наҳори ҳамсоя шитофтем. Чун расидем, дидем, ки амаки як нафар ҷавони ҳамроҳамон ҳам паси миз нишастааст. Вақте моро дид, наздаш хонд. Дар хараки нишастаи ӯ худро ҷой кардаву зери навои суруду мусиқии мавзун ба “чаридан” пардохтем. Бояд иқрор шавам, ҷавони ҳамроҳамон Ҳайдар, ки акнун амакаш “нозир”-и “маъракаороияш” буд, иштиҳои қозгир ё ба қавле, карнай дошт. Аввал табақи ошро лесиду дигарашро хоҳиш кард. Оварданд. Табақи дувумро ҳам холӣ карда, миёни миз тела дод ва ба лаълии мағзу мавиз дарафтод. Маълум буд, ки амакаш ноҳинҷор шуд. Ало-ало менигарист ба ҷиян, аммо чизе намегуфт. Вале, вақте Ҳайдар лаълии пур аз пучоқи пиставу бодом ва донаи зардолуқоқу думчаи мавизро каноре тела додаву ба табақи мева часпид, тоқаташ тоқ шуд. Бо овози паст, аммо нешдору масхараомез пичиррос зад:

— Айбро намедонӣ?! Мисли мурғи доначин… Ба ҷойи оши наҳор як китобакатро намехонӣ? Баднафси китобхонӣ шавӣ, намешавад!?

Вале чун дид, ки сухан ба ҷиянаш асар накард, башиддат аз ҷой хесту бо қаҳр “нафси бадат дар гӯр, ба ҳамон меъдаат на раҳм доштаиву на инсоф!” гуфта, маъракаро тарк кард.

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *