Ҳаққи хизмати ситораҳои тоҷик дар тӯйҳо чанд аст?
Бино ба як рейтинги ғайрирасмӣ, ҳаққи хидмати ситораҳои тоҷик, ба мисли Шабнами Сурайё, Ҷонибек Муродов, Нозия, Садриддин, Зулайхо Мамадшоева дар тӯю маъракаҳо аз 2000 то 5000 долларро ташкил медиҳад.
Александр Урунов дар саҳифааш дар Одноклассники «рейтинг”-и ситораҳои эстрадаи тоҷикро бар асоси нархи хидмати онҳо дар тӯю маъракаҳои мардум нашр кардааст.
Бар асоси ин «рейтинг” агар ҳаққи хидмати Зиёвуддини Нурзод, Анвар Ахмедов ё Зарнигори Зар то 1000 доллар бошад, Баҳроми Ғафурӣ, Валиҷон Азизов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Нигина Амонқулова, Нигора ва Суруш Холовҳо ё Фарзонаи Хуршед аз 1000 то 2000 доллар мегиранд.
Ва дар садри ин «рейтинг” ситораҳое, чун Далер Назаров, Шабнами Сурайё, Садриддини Наҷмиддин, Ҷонибек Муродов, Нозия Кароматулло, Зулайхо Маҳмадшоева, Фирӯза Ҳафизова, Зикриоллоҳ Ҳакимов и Зафар Аюбӣ қарор доранд. Ҳаққи хидмати онҳо дар тӯю маъракаҳо, бино ба ин манбаъ, аз 2000 то 5000 долларро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ