Тайиба Суҳайло — Дания- Афғонистон

Орзу  

Эй дӯст,

Эй ниҳоят.

Эй дури дуртарин,

Эй сокини фусули гармо ва равшанӣ.

Дерест,

Дилам з-ин осмони сурбии паиҳам гирифтааст.

Як рўзи хуби равшан,

Боре маро,

Ба меҳмонии гулҳо дубора хон.

Эй дӯст,

Эй ниҳоят.

Эй дури дуртарин,

Эй сокини фусули гармо ва равшанӣ.

Дерест,

Бар устувои шаб,

Дар интизори фаҷр мондаам.

Эй мунтазир чу ман,

Боре ба поси дарди муштарак,

В-он бовари бузург.

Имсол агар, ки боз,

Гулхўшаву тулӯъу шигифтан,

Меҳмони боғ шуд.

Боре маро ба кӯча меъёд дубора хон,

Дерест,

Дилам з-ин осмон абри пайиҳам гирифтааст.

Эй дӯст,

Эй ниҳоят.

Эй дури дуртарин,

Боре агар башорати борон.

Бар захмҳои таракхӯрдаи замин,

Марҳам дубора монд.

Муште зи анбари хоки ватанро фирист ба ман,

Дерест хонаам,

Аз атри зиндагӣ,

Бегона мондааст.

****

 Маро ба ёд биёвар

Ҳавои дидорат,

Башорати борон аст.

Вақте таракҳои замин,

Обро наҷво мекунанд,

ҳавои дидорат,

ҳузури фаҷр аст.

Вақте дар шати шаб,

Касе субҳро садо мезанад.

Ҳавои дидорат,

Маънои дарёфтан,

Пазируфтан ва ҳамгом шудан аст.

Вақте ҷисми карахти барг,

Дар навозиши дастони гармо ва равшанӣ,

Нафас мекашад,

Маро ба ёд биёвар.

Аҳои башорати борон,

Ҳузури фаҷр,

Маънои дарёфтан.

Вақте дар фосилаи ду нигоҳ,

Гули иштиёқ,

Дар булӯри интизори чеҳра,

Лабханд мезанад,

Маро ба ёд биёвар,

Маро ба ёд биёвар!

***

Тандисе зи озодӣ

Ватани хаста,

Ватани хомӯш,

Ту озурда, ту вайронӣ,

Вале маҳкам ту бар ҷо чӣ истоӣ.

Сабуриро ту фарёдӣ,

Ҳазорон арши боварро.

Ту оғозӣ, ту паҳноӣ,

Шукӯҳи авҷро монандӣ.

Даруни вусъати ҳар обии бовар,

Саҳмгин,  содда ва хомӯш,

Чу тандиси зи озодӣ.

Ҳавои иштиёқи хуфта дар қалбӣ,

Ки мерақсад даруни синаи

Ҳар  фарди озоде.

Ту боли орзу, ту шавқи парвозӣ,

Зи гумномӣ,

Раҳоиро расиданро.

Ту оғозӣ, ту анҷомӣ,

Ало эй меҳани моман.

Ту ҷангҷўи кўҳансолӣ,

Уқобин чашм, баландболо.

Ситабрбозу саҳмгингому кӯҳпаҳлў,

Ки то будаст размида,

Барои иззу озодӣ.

طیبه سهیلا- دانمارک- افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *