Ҷаҳиши охирини ГТА

Дар тирпарронии байни ОМОН ва аъзои бандаи ГТА дар бинои суди вилояти Маскав як зодаи Қирғизистон  Холиқ Субҳонов ва ду зодаи Тоҷикистон  Абдумуқим Мамадҷонов ва Мирзомавлон Мирзошарипов  кушта шуда, ду зодаи дигари Тоҷикистон  Умар Ҳасанов ва Зафарҷон Ғуломов ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Аъмоли бандаи ГТА, ки дар тӯли чандин сол дар атрофи Маскав ҳамаро дар тарсу ларз нигоҳ медошт, худ мавзӯи як филми гангстерӣ буд. Поёни кори ин банда низ ба сари худ мавзӯи боз як филми дигар аст, филме пур аз паррон-паррон, он ҳам дар дохили бинои додгоҳ ва дар ниҳоят маҳви ин бандаи ғаддор аз тири пулис, ки мисли филмҳо ҳузураш дар ҷои ҳодиса як тасодуф буд.Дар навори видеоие, ки мақомоти амниятии Русия нашр кардаанд. Аввалин лаҳзаҳои баъд аз анҷоми тирандозӣ сабт шудааст. Дар ин навор дида мешавад, ки афсарони пулис як-як ҷасадҳоро хабар мегиранд, ки зинда аст ё мурда?Ду нафар аз кушташудаҳо дар тирпарронии рӯзи 1 август дар бинои додгоҳи вилояти Маскав зодагони Тоҷикистон Абдумуқим Мамадҷонов ва Мирзомавлон Шарипов ва ҷинояткори сеюми кушташуда бародари муассис ва раҳбари бандаи ГТА Холиқ Субҳонов будаанд. Умар Ҳасанов ва Зафарҷон Ғуломов — ду ҷинояткори дигаре, ки дар задухӯрд бо ОМОН ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, низ зодагони Тоҷикистон мебошанд.Дар маҷмӯъ аз 9 узви боздоштшудаи бандаи ГТА, ки рӯзи 1 август ба додгоҳи вилояти Маскав эҳзор шуданд, 6 нафараш шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.Масъулони додгоҳ мегӯянд, мурофиаи парвандаи бандаи ГТА субҳ оғоз ёфта, то соати 13 давом кард. Дар мурофиа ҳамаи 9 айбдоршаванда — Холиқ Субҳонов(43-сола), Абдумуқим Мамадҷонов(36), Мирзомавлон Мирзошарипов(35), Умар Ҳасанов(31), Зафарҷон Ғуломов (27), Ҳазратхон Додохонов (34), Шерҷон Қодиров (31), Анвар Улуғмуродов(40) ва Фазлиддин Ҳасанов (31-сола) ширкат кардаанд. Баъди анҷоми мурофиа айбдоршавандаҳоро ҳамроҳи конвой аз толор бароварданд, ки ба боздоштгоҳ баргардонанд.Дар лифт аввал 5 нафар  Холиқ Субҳонов, Абдумуқим Мамадҷонов, Мирзомавлон Мирзошарипов, Умар Ҳасанов ва Зафарҷон Ғуломовро савор кардаанд. Онҳоро ҳамагӣ ду посбон, ки аз онҳо ҳам якеаш зани миёнасол буд, ҳамроҳӣ мекарданд.Вақте ки лифт дар рости ошёнаи сеюм буд, яке аз айбдоршавандаҳо ба посбон ҳамла карда, ӯро буғӣ кард ва шариконаш худро халос карда, силоҳҳои посбонҳоро кашида гирифтанд. Ҷинояткорон сипас дар ошёнаи сеюм берун шуда, ҳарду посбонро ҳамчун гаравгон бо худ гирифтанд.Вале иттифоқан дар он лаҳзаҳо сарбозони ОМОН-и шаҳри Сергиев Посади вилояти Маскав дар ҳамон ошёнаи сеюм қарор доштанд. Ҷинояткорон афсарони мусаллаҳро дида, ба сӯи онҳо оташ кушоданд. Афсарони пулис низ ҷавоб доданд ва байни онҳо тирпарронии шадид ба амал омад.Дар натиҷаи ин тирпарронӣ як афсари ОМОН аз ноҳияи китфаш захм бардошта, аз ҷониби ҷинояткорон се нафар — Холиқ Субҳонов, Абдумуқим Мамадҷонов ва Мирзомавлон Мирзошарипов кушта шуда, Умар Ҳасанов ва Зафарҷон Ғуломов ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ин ҳамла бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Русия ( 317 — сӯиқасд ба ҷони корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 226  дуздии силоҳ ва 313 “”кӯшиши фирор аз ҳабс) парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.Муҳокимаи парвандаи 9 узви бандаи ГТА дар додгоҳи вилояти Маскав аз 13 июли соли 2016 ба ин тараф идома дорад. Аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ, ки асосан шаҳрвандони Осиёи Марказӣ буда, моҳи ноябри соли 2014 боздошт шуданд, дар куштори ронандагону мусофирони мошинҳои боркаш дар роҳҳои вилояти Маскав ва Калуга, аз ҷумла, дар шоҳроҳи «Дон” айбдор мешаванд.

Анвар Улуғмуродов, Ҳазратхон Додохонов, Фазлиддин Ҳасанов, Холиқ Субҳонов, Абдумуқим Мамадҷонов, Шерозҷон Қодиров, Мирзомавлон Мирзошарифов, Зафарҷон Ғуломов ваУмар Ҳасанов вобаста ба нақшашон, дар куштори 17 нафар, ду сӯиқасд, ғоратгарӣ, бандитизм, дуздии санадҳо ва ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ муттаҳам мешаванд. Аз ин шумор 6 нафараш шаҳрванди Тоҷикистон, як нафар аз Узбекистон ва дуи дигар аз Қирғизистон мебошанд.

Бино ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, гурӯҳи ҷиноӣ моҳи марти соли 2012 дар вилояти Маскав аз сӯи шаҳрванди узбактабори Қирғизистон Убайдулло Субҳонов таъсис ёфта, ба он дасти кам 15 зодаи Осиёи Марказӣ, асосан Узбекистон ва Тоҷикистон, шомил буданд. Убайдулло Субҳонов, ки гуфта мешавад шиносномаи тақаллубӣ ба номи Рустам Усмонов дошт, моҳи ноябри соли 2014 ҳангоми муқовимати мусаллаҳона кушта шуд. Панҷ узви “дастаи ГТА”, ки аз Русия фирор кардаанд, дар кофтукоби байнулмилалӣ қарор доранд.

Парвандаи «бандаи ГТА” аз пурсарусадотарин парвандаҳои солҳои охир дар Русия ба шумор меравад.Номи ГТА аз номи бозии компутарии маъруфи Grand Theft Auto (GTA) гирифта шудааст ва ин номро матбуоти Русия ба гурӯҳи ҷиноӣ додааст. Бозӣ дар бораи зиндагӣ дар як шаҳрест, ки аз сӯи гурӯҳҳои ҷиноӣ тасарруф шудааст.

Аъзои “бандаи ГТА”, ки асосан дар шоҳроҳи М4 «Дон” амал мекарданд, дар маҷмӯъ дар 17 куштори бераҳмонаи мусофирону ронандагон дар ин шоҳроҳ ва гирду атрофи он айбдор мешаванд. Амалиёти боздошти «бандаи ГТА” 6 ноябри соли 2014 бо ҳамлаи нерӯҳои вижаи амниятӣ ба бӯстонсарое дар вилояти Маскав оғоз ёфт. Маълум шуд, ки бӯстонсаро ба Алексей Староверов, мудири раёсати коргузории Додситонии кулли Русия тааллуқ дошта, яке аз аъзои гурӯҳ бо модару хоҳараш барои нигоҳубини ин манзил истихдом шудаанд. Мансабдори баландпоя баъдан ба далели ба ҷинояткорон макон додан маҷбур шуд, ки тарки мақом кунад.

Баъд аз кушта шудани раҳбари “бандаи ГТА” аз 6 то 19 ноябри соли 2014 дар вилояти Маскав ва манотиқи дигари Русия 10 нафар, аз ҷумла 3 зан, бо гумони узвият ваё ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ дастгир шуданд. Аз миёни онҳо танҳо исми шаҳрванди Тоҷикистон Абдумуқим Мамадҷонов эълон шуд, ки дар додгоҳ даст доштанаш дар 4 кушторро иқрор кардааст.

Бино ба гузоришҳо, қатли капитан Олег Толмачёв ҳам аз сӯи аъзои «бандаи ГТА” содир шудааст. Ҷинояткорон рӯзи 4 июни соли 2014 дар пеши чашми ҳамсараш ба капитан Толмачев 14 тир заданд. Мақомоти тафтишотӣ гуфта буданд, ки дар ин куштор як зодаи Тоҷикистон -Қодиров,ки дар вилояти Тулаи Русия сабти ном шудааст, айбдор мешавад. Ду нафари дигар, ки низ ҳамдастӣ дар ин куштор айбдор шудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд ва онҳоро дар зодгоҳашон боздошт карданд.

Зимнан, охирин узви “бандаи ГТА” ҳам дар шаҳри Душанбе дастгир шуд.ФаррухҷонАъзамҷонови 38-сола, ки дар Русия ба ғоратгарӣ, бандитизм ва ширкат даркуштори ронандагон дар шоҳроҳи М4 «Дон” айбдор мешавад, 27 июни соли 2016 дар як амалиётивижа ба даст уфтод. Аъзамҷонов ба ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ОсиёиМарказӣ ба сафи гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ” ҳам машғул будааст.

Қурбониёни «бандаи ГТА” маъмулан афроди раҳгузаре буданд, ки тасодуфан ҳадафи ҳамла қарор мегирифтанд. Аъзои «банда” барои манъ кардани мошинҳои раҳгузар аз шипҳои махсусе, ки балони мошинро мекафонад, истифода мебурданд.

Матбуоти Русия дар пайи боздошти «банда”-и маъруф ба ГТА аз чанд кушторе, ки дар он мтеавон «из”-И ГТА-ро мушоҳида кард, ёдовар шудааст:

22 сентябри соли 2013:Ронандаи 50-солаи Toyota Land Cruiser-ро дар километри 29-уми шоҳроҳи «Балтия” дар қаламрави ноҳияи Красногорск ва мошни ӯро баъданг аз Солнечногорск пайдо карданд.

Поёни соли 2013: Қатлисе бригадири ҳаммолон ва як марди ношиносдар вагоне дар тангкӯчаи Югорский дар шимоли Маскав. Ҳамаи 4 нафарро бо силоҳ куштаанд.

Аввали майи соли 2014: Дар километри 84-уми шоҳроҳи М- «Дон” ду сайёҳи пиронсол, ки аз Маскав барои аёдати хешовандонашон ба Кубан мерафтанд, кушта шуданд.

4 июни соли 2014: Сардори нозирони минтақавии пулис дар ноҳияи Новопеределкино Олег Толмачёвро дар пеши чашми ҳамсараш куштанд. Ба бадани ин афсари пулис 14 тир андохтанд. Ҳамон шаб аз шаҳраки Менделеево дар ноҳияи Солнечногорск ҷасади марду зани ҷавонеро пайдо карданд.

Шаби 19 августи соли 2014: Дар ҳудуди «Малое бетонное кольцо” дар қаламрави рустои Фоминское дар ноҳҳияи Раменское Алберт Юсупов, раққоси собиқи ансамбли ба номи Моисеев, ки аз бӯстонсарояш ба Маскав бармегшат, кушта шуд. Маъмул шуд, ки мошини ӯро бо шипҳои махсус манъ кардаанд…

Матбуоти Русия мегуфт, ки Рустам Усмонов шахси хеле диндор буд ва маъмурони пулису амниятро дар манзилаш дар шаҳраки Уделная дар ноҳияи Раменское дар вилояти Маскав граната дар даст ва бо нидои «Аллоҳ Акбар” «пешвоз” гирифтааст. Ба далели диндории раҳбари «бандаи ГТА” расонаҳои Русия ибтидо ҳадс мезаданд, ки ин гурӯҳ бо созмонҳои тундрави исломӣ рабт дорад ва гӯё таҳти шиорҳои мазҳабӣ ғайримусалмонҳоро мекушт.

Бархе расонаҳо баъдан навиштанд, ки гӯё аз аъзои боздоштшудаи ин «банда» чандсад кило маводи таркандаи гексоген ҳам пайдо кардаанд ва гӯё аъзои он қасди анҷоми ҳамлаҳои террористиро ҳам доштанд

Вале баъдан намояндагони Кумитаи тафтишоти Русия ин фарзияҳоро рад карданд ва гуфтанд, ғарази асосии аъзои ин «банда” пулу молу мошини қурбониёнаш буд, на кадом аҳдофи мазҳабӣ.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *