50 миллион доллари доду гирифт бо Ӯзбекистон

Дар шаш моҳи аввали имсол додугирифт миёни вилояти Суғд ва Узбакистон ба тақрибан 50 миллион доллар расида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта сад дарсад афзудааст. Масъулони Идораи гумруки вилояти Суғд рӯзи 1-уми август дар нишасти хабарии худ афзоиши тиҷорат бо Узбакистонро ба гарм шудани муносибати Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя рабт доданд.

Анвар Оқилов, сардори шуъбаи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзии раёсати мазкур гуфт, “дар шаш моҳи аввали соли равон аз минтақаи шимолии Тоҷикистон ба Узбакистон ба маблағи беш аз 23 миллион доллар мол содир шуда, аз ин кишвар ба вилояти Суғд ба маблағи беш аз 25 миллион доллар молу маҳсулот ворид гардидааст.”

Ба қавли ӯ, аз вилояти Суғд ба Узбакистон умдатан маъдану семент, ноқил ва қубури полиэтиленӣ содир гардида, аз он кишвар ба минтақаи шимолии Тоҷикистон нуриҳои минералӣ, яхдону телевизор, маҳсулоти қаннодӣ ва либосу матои пахтагӣ овардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *