А. Мирсаидов: Россия мехоҳад Тоҷикистон ҳарчӣ зудтар узви ИИАО шавад

Дар ин шабу рӯз атрофи сафари Владимир Путин, Президенти Россия ба Тоҷикистон ва эҳтимолияти аъзо шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё  коршиносону таҳлилгарон андешаҳои гуногун баён мекунанд.

Аброр Мирсаидов, муовини директори Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо „Тоҷикистон“ гуфт, ки  Тоҷикистон бояд пеш аз ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бурду бохти  кишварҳои узвро омӯзад, ки онҳо чӣ баҳра бурданд. „Инчунин, кишвари мо бо давлатҳои зиёде дар бахшҳои мухталиф шартномаҳои ҳамкории   дутарафа дорад.  Инро бояд донем, ки манфиати Тоҷикистон аз ин шартномаҳо бештар аст ё бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё? Аз тарафи дигар, ин Иттиҳод манфиатҳои худро ҳам дар пай дорад.  Дуруст, ки аъзо шудани Тоҷикистон  ба Иттиҳод барои муҳоҷирон сабукиҳо меорад, аммо тарафи иқтисодиашро ҳам ба инобат гирифтан лозим аст.  Баръакс, мо кӯшиш  ба он равона кунем, ки барои муҳоҷирон бозомӯзӣ зиёдтар ба роҳ монда шавад“- иброз дошт А.Мирсаидов.

Институти иқтисод ва демографияи  Академияи илмҳои Тоҷикистон аз рӯйи як пурсиш муайян кардааст, ки наздики 65% -и муҳоҷирони Тоҷикистон дар Россия дорои маълумоти олӣ ҳастанд.  Аброр Мирсаидов вобаста ба ин маслиҳат медиҳад, ки дар заминаи шартномаҳои тарафайни давлатҳо муҳоҷирон дар баробари Россия ба давлатҳои Шарқу  Ғарб низ рӯ оранд.

„Имрӯз мебинем, ки бисёриҳо мехоҳанд Тоҷикистон ҳар чӣ зудтар аъзогии Иттиҳоди гумрукиро қабул кунад. Россия ҳамеша кӯшиш мекунад, ки Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зудтар ворид шавад. Чунки ин кишвар дар Осиёи Марказӣ манфиати худро дорад.  Ҳамчунин, ҳар як давлат мехоҳад, ки қудрати худро нишон диҳад. Дар шароити кунунӣ барои аъзо шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё вақт лозим аст. Мо  ҳам дар Институти иқтисод ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон вобаста ба ин таҳлилҳо гузаронидем.  Ҳоло модели рушди иқтисоди Тоҷикистон  ба самти воридивазкунанда равона шудааст. Вазорати рушди иқтисод ва савдо низ дар ин самт барномаеро то соли 2020 таҳия  ва Ҳукумати Тоҷикистон қабул кард. Ин барнома 20+20, яъне 20 маҳсулоти содиротии  неруманд ва 20 маҳсулоти воридотиро ба нақша гирифтааст. Ҳадафи ин барнома пурқувват намудани иқтисодиёти кишвар аст. Вақте ки иқтисоди Тоҷикистон ва саноатикунонӣ  беҳтар  шавад, 21-22% ММД аз ҳисоби маҳсулоти саноатӣ  ташкил диҳад, он гоҳ мо метавонем дар дилхоҳ иттиҳоди ҷаҳонӣ  саҳми  худро нишон диҳем. 23% ММД-и мо аз ҳисоби соҳаи аграрӣ аст. Аъзо шудан ба ҳар иттиҳод озод ва бо хоҳиши ҷониби кишвари аъзошаванда сурат мегирад. Ҳоло раванди ворид кардани технология ва саноаткунонунӣ идома дорад. Истеҳсол ва содироти маҳсулоти рақобатпазир ҳам дар мадди аввал қарор мегирад.  Бо аъзо шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳамон давлатҳое бурд мекунанд, ки иқтисоди нерӯманд доранд.  Тамоми  кӯшиши Ҳукумати Тоҷикистон ба он равона шудааст, ки вобастагӣ ба иқтисоди беруна камтар шавад“-хулоса кард Мирсаидов.

Ҳоло дида истодаем, ки ҷониби Беларус аз Иттиҳоди АвруОсиё изҳори нигаронӣ дорад. Ба молу маҳсулоти Қирғизистон ҳангоми гузаштан аз сарҳадҳои гумрукии Қазоқистон  монеаҳо пеш меоянд.. Борҳо намояндагони воломақоми Қирғизистон аз воридот ба Иттиҳоди АвруОсиё назари мухолиф баён карданд. Яъне, аз ин ҷо маълум мешавад, ки кишварҳои аъзои ин Иттиҳод омодаи ҳамкории объективӣ нестанд.  Коршиносон мегӯянд, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар баробари дигар иттиҳодҳо дар ҳоли буҳронӣ қарор дорад.

Тафсилоти бештари мавзуъ  дар ҳафтаномаи „Тоҷикистон“

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *