Наҷма Мусавӣ — Эрон

Тардид

Нур меояд ва меравад

Ва ба ҳар тобишаш

Пардаи чашмро медарад.

Тик-тики соат

Гӯшро меозорад.

З-ин тоб мехӯрад

Аз саъодате ба ъадм

Аз наомаде ба шаъф

Аз фароз ба фуруд меравад

Соат

Панҷ бор мезанад

Ҳама бар сояҳои ларзон

Умед бастаанд.

Ва ман ҳама ноумедиам

Аз ҳақиқатест

Сахт ларзон

***

Табъид

На ин замин, замини ман аст

Ва на ин омсон

Ки тобаш девонавор,  хуршедаш

Гармои меҳанамро рӯйи пустам мечаконад.

На ин ситарҳа ҳамонанд

Ки бар тоқи  лоҷуварди кавири хеш

Сӯ-сӯ мезанад.

На!

Ин хок хоки ман аст

Ҳатто агар ҳанӯз

Ба номи борон

Синаам пора шуд

Аз атри нафасгири тобистонҳояш

Ва тасвири модарам

Аз ҳубоби хеш лабрез шудам.

Ин нахлҳо, ки чун хорҳои азим

Миёни замин ва осмон рӯйидаанд

Чӣ бегонаанд аз насаб

Ба нахлҳое, ки чун бо зане

Офтоб ва хокро мегирифтанд

Ҳарами дар ҷанги ғурубҳояшон

Ва дили ошиқро менавохтанд

Ҳатто ин оби гунбади шакл

Аз тоқҳои фирӯзи АллоҲу Акбар ҳеҷ надорад

Ин тоқҳое, ки буд нишон

Маънии об буд бар Кавир

Ва оромӣ барои хастаҳо.

На,

Ин замин, замини ман нест

Агарчӣ бо мазлумонаш

Чунон меҳр биварзам

Ки ба тамоми хокнишинон меварзам

Ҳама бар сиёҳии ларзон,

Умед бастаанд

Ва ман

Ҳама ноумедиам

Аз ҳақиқатест,

Сахт ларзон

***

ЗАН

Ӯро дидӣ

саворе, аспе ба зери по

Рустамаш ангоштӣ

Ва ё Исфандиёре

Ва ҳангоме, ки бар хок шуд

Бар суги Сиёвушаш нишастӣ

Ва фаромӯш кардӣ, ки  худ

Гурдофарид будӣ

نجمه موسوی — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *