Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев раиси шаҳри Тошканд шуд
Раҳмонбек Усмонов, ки солҳои тӯлонӣ шаҳри Тошканди Ӯзбекистонро раисӣ мекард, рӯзи 26 апрел аз мақом барканор шуд. Дар ҳоли ҳозир Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев иҷрокунандаи вазифаи раиси пойтахти он кишвар таъйин гардидааст.
Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаеви 43-сола то ин замон мудири корхонаи воҳиди Tashkent City ва роҳбари ширкати Artel Engineering буд. Ортиқхоҷаев ҳамзамон молики ширкати AKFA Group — истеҳсолкунандаи дару тирезаҳои пластикӣ — аст.
Вай баъди он шинохта шуд, ки ба маҳзи сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев — президенти Ӯзбекистон — лоиҳаҳои бузурги тиҷоратии ин кишварро зери назорат гирифт.
Хабар дода мешавад, ки раиси пешини шаҳри Тошканд Раҳмонбек Усмонов муовини аввали раиси Оҷонсии мошинсозии Ӯзбекистон «Узавтотранс» таъйин шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ