Шабнами Сурайё Ӯзбекистонро тасхир мекунад?

Шабнами Сурайё дурахшонтарин ситораи эстрадаи тоҷик омодагии сафари Ӯзбекистон дорад.

Мақсади сафари ӯ дар фестивали анъанавии байналмилалии кушоди «Бойсун баҳорӣ», ки рӯзҳои 28-29 апрел дар ноҳияи Бойсуни Ӯзбекистон доир мегардад, ширкат варзидан аст.

   

Фарзона ҷудошавияшро тасдиқ кард (Видео)

Тавре продюсери ӯ Диловари Мизроб ба хабарнигори  Тajikistantimes.com гуфт: Шабнам шабу рӯз омодагӣ дида истодааст, то дар фестивали мазкур баромад намуда, фарҳангу санъати тоҷиконро ба кишвари дӯсту ҳамсоя нишон диҳад. Дар поёни сӯҳбат Диловари Мизроб қайд кард, ки ҳунари Шабнами Сурайёро кулли мардуми ӯзбек дӯст медоранд ва ташнаи дидори ӯ ҳастанд. Ман фикр мекунам, ин консерт дар таърихи Ӯзбекистон рӯзи фаромӯшношудань хоҳад монд.

Зулайхо сиру асрорашро аз минбари “Оила”дар “Имрӯз” ошкор кард (Видео)

Тавре як манбаи муътамад овардааст: Дар ин ҷашнвора ҳамчунин театр-студияи «Падида» таҳти сарварии Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Шарофат Рашидова ва ансамбли рақсии «Лола» аз Тоҷикистон низ иштирок мекунанд.

Раҳбарияти вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон ба ин фестивал ҳамчунин роҳбарони вилояти Хатлон, ноҳияҳои Шаҳритӯс, Шаҳринав, шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзодаро низ даъват кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *