Гулзодаро дар лаби дарё куштанд

 

Мо аз модари аламзада хоҳиш кардем, ки достони ишқи пурҳангома ва пурхуни Гулзода ва Қаҳрамонро аз оғозаш ҳикоят намояд.

dav

Бо фиреб ҳомила карду….

Духтарам ҳанӯз кӯдак ва ба қавле замони хокбозияш буд, вале ки Охун  (ин ҷавон ду ном дорад: Охун ва Қаҳрамон) бо макру фиреб ӯро ба домаш афтонда, дар байни мардуми деҳа бадном ва шарманда кард. Ин ҷавони шаҳватпараст, ки ҳамон вақт 20-сола буд, аз содагию зудбоварии духтари ноболиғи мо истифода бурда, шабу рӯз тӯтивор ба гӯшаш қиссаи ишқу муҳаббат мехондааст. Оқибати ишқи аблаҳона ҳамин гашт, ки духтари 16-сола ва ҳанӯз хому беақли мо аз ин ҷавони ишратпараст ҳомиладор шуда, дар чорроҳаи зиндагӣ сарсон шуд…

-Шумо аз ишқу ошиқии духтаратон бо Қаҳрамон огоҳӣ доштед? Ҳамчун модар ба интихоби фарзандатон чӣ гуна назар мекардед?

-Гулзода аз хурдӣ фарбеҳак буд ва камтар шикам дошт, аз ҳамин сабаб маро ғафлат зер карда, аз ҳомиладории духтарам бехабар мондам. Вақте ки Гулзода “чанд вақт шуд, ки ҳайзи надида истодаам” гуфт, якбора ба танам ларза афтид, зеро кам-кам гӯшам бод гирифта буд, ки духтарам Охун ном ҷавонро дӯст медорад. Пешомади бадеро эҳсос карда, бо дили аз ангишт ҳам сиёҳтар духтарамро ба назди гинеколог бурдам. Дар деҳа мардум якдигарро хуб мешиносанд ва гапи бад дар як дам даҳон ба даҳон гашта, овозаю дарвоза мешавад, аз ҳамин сабаб то ба беморхона расидан ҳоламро фақат худам медонистаму Худованд. Маро фикри ояндаи духтарам не, тарси шармандашавӣ азият медод, чунки барои падару модар рехтани обрӯи духтарашон ҳатто аз марг ҳам бадтар аст…

 Кӯдаки 6- моҳа дар батни  кӯдаки 16- сола

Ҳеҷ аз ёдам намеравад, рӯзи 3-юми январ буд, вақте ки Гулзодаро ба назди гинеколог даровардам, рангу рӯйи худам аз ранги духтарам бештар канда, дар пойҳоям заррае ҷону мадор намонда буд. Аввалин саволи баъди муоинаи духтарам додаи гинеколог тарси маро дучанд кард. Духтур теғ кашида ба рӯям нигарист ва маънидорона пурсид:

-Ин духтаратон ё келинатон?

Аз ҳамин савол аллакай фаҳмидам, ки духтари беақл на танҳо худаш,  балки тамоми авлодамонро шарманда карда, сари ману падарашро дар назди дӯсту душман паст намудааст. Кӯдак, агар 1-2 моҳа мешуд, уболаш гирад ҳам, исқоти ҳамл мекардем, вале тифли батни духтарам аллакай 6-моҳа шуда будааст. Пеши чашмонамро сиёҳӣ зер кард, зеро то тавлиди кӯдак каме бештар аз ду моҳ вақт монда буду халос. Росташро гӯям, аввал мехостам духтарамро зада сару рӯяшро хуншор кунам, вале баъд фикр кардам, ки кори намешудагӣ аллакай шудааст ва дигар аз задану кӯфтан муроде ҳосил намешавад, барои ҳамин ӯро сахт гирифта талаб кардам, ки номи падари фарзандашро бигӯяд. Духтарам қасам хӯрд, ки ба ғайр аз ҳамин Охун дигар бо касе алоқа накардааст ва кӯдак аз ҳамон бача аст. Ҳомиладор шудани духтари ноболиғ худаш як шармандагии калон, ба болои ин, агар тифлаш дар хонаи худамон ба дунё ояд, боз ҳам шармандатар мешудем, аз ҳамин хотир аз беморхона рост ба хонаи падару модари ҷавон рафтам, кош намерафтам….

Мехоҳед тақдири пурмоҷарои Гулзода ва Қаҳрамони қотилро мутолиа намоед, пас шумораи №17-и ҳафтаномаи «Оила»ро аз дӯконҳои кишвар дастрас намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *