Конибодом: Ҳамдам Гуландомро кушту баъд худро ба дор овехт

Тафсилоти ин моҷарои оилавӣ, ки бо фоҷиа анҷом ёфт

9 рӯз боз дар сар то сари Вилояти Суғд дар даҳони хурду калон танҳо як гап аст: Дар Конибодом як мард занашро кушта, баъд худашро ба дор овехтааст. Тахмину гумонҳо оиди ин фоҷиаи оилавӣ зиёданд, яке мегӯяд, ки мард бемории руҳӣ доштааст, дигарӣ занро гунаҳкор месозад, ки ду фарзанди ноболиғашро партофта ба Русия рафтааст ва ин боиси рашки шавҳараш гашта, сабаби куштор гаштааст, саввумӣ волидони ду ҷавонро гунаҳкор месозад, чаҳорумӣ бошад, тамоман андешаи дигар дорад. Барои фаҳмидани сабаби асосии ин фоҷиа мо роҳ ҷониби Конибодом пеш гирифтем.

Занашро дар ҳавлии бегона кушт?!

        Аз рӯйи овозаҳо ҷавони конибодомӣ ҳамсарашро дар роҳ, аниқтараш дар дохили самтрав дида, бо меҳрубонӣ аз мошин фаровардааст, вале баъди пиёда шудан байни зану шавҳар чӣ гапе мегузараду вай ҳамсарашро кашон-кашон ба як хонаи сари роҳ дароварда, зада мекушад, сипас худашро низ ба дор меовезад. Мо кофта-кофта шоҳиди ин манзараи даҳшатнокро пайдо намудем.

Бибиҷон Мақсудова, сокини кӯчаи Бӯстон, ҳавлии №60 буда, фоҷиа маҳз дар хонаи онҳо ба амал омадааст. Бибиҷон Мақсудова манзараи даҳшатбори дар рӯи ҳавлияш дидаашро ба ёд оварда, чунин нақл кард:

-Ҳамон рӯз ман наберачаамро гирифта ба берун баромадам, то ки кӯдак камтар ҳавои тоза бигирад ва шавҳарам, ки шабона дар ҷойи корашон навбатдор буданд,  ором хоб раванд. Баъди фурсате ба хона баргашта дар рӯйи ҳавлиамон як ҷавонзани ношиноси ғарқи хунро дидам, ки зоҳиран бисёр ҷавон менамуд ва ба талабаи мактаб монандӣ дошт. Келинам аз шиддати тарс ҳунгос зада гиря мекард ва дасту пояш мисли барги бед меларзид. Ростӣ, ман гумон кардам, ки ягон авбош хостааст ба ин духтари мактабхон озор расонад, охир аз куҷо медонистам, ки ин зан модари ду фарзанд аст ва шавҳари худаш ӯро дар хонаи бегона ба ҳалокат расонидааст.

-Магар шумо қотилро надидед?

-Дидем, вале то шавҳарамро аз хоб бедор кардам, ки мисли парранда сар-сари девор парида-парида гурехта рафт. Аз се ҳавлӣ гузашта, вай дар оғили яке аз ҳамсояҳо худашро ба дор овехтааст.

Ҳайидбой Икромов:

Келин писарамро ба милиса доду…

Ҳайидбой Икромов, падари марҳум Ҳамдам, ки ҳамсарашро дар ҳавлии бегона ба ҳалокат расонида, баъдан худро низ ба дор овехтааст, он субҳи фоҷиазоро бо чашмони аз шиддати гиря варамида ба ёд оварда мегӯяд:

-Рӯзи 6-уми апрел ба писарам хабар додаанд, ки аз болояш аризаи шикоятӣ омадааст ва бояд соати 8:00 ҳамроҳи падар ё модараш ба ШВКД ҳозир шавад. Қайниам (бародари занашро дар назар дорад) як ҳафта пеш аз олам гузашта, модари Ҳамдам азодор ва дар хонаи падараш буд. Маҷбур шудам, ки худам ҳамроҳи писарам ба идораи милиса равам. Муносибати Ҳамдам вақтҳои охир бо ҳамсараш хуб набуд. Тахмин кардам, ки келин ба милиса аз рӯйи шавҳараш шикоят кардааст. Гумонам рост баромад, дар шуъба ба мо гуфтанд, ки занаш аз рӯйи писарам шикоят карда гуфтааст, ки шавҳарам вақти дар Русия буданамон ангушти маро зада шикаст ва барои ин кор мувофиқи қонун аз ду то панҷ соли зиндон пешбинӣ шудааст. Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки писарамро барои справка овардан ба ҷиннихона (беморхонаи касалиҳои руҳӣ)  фиристоданд. Аз ШВКД-и шаҳр то он ҷо 1,5 километр роҳ аст. Дар фосилаи роҳ писарам чанд маротиба аз ман пурсид, ки “дадо, акнун маро турма мекунанд-ми?” Барои тасаллои дилаш гуфтам, ки бачам, дар вақти баррасии ариза албатта келинро ҳам даъват мекунанд. Занат, агар аз гуноҳи ту гузарад, бе ягон хел суду судбозӣ масъала ҳал шуда, боз мисли пештара зиндагиатонро давом медиҳед, вале…

-Писаратон бо ҳамсараш дар куҷо вохӯрд ва чаро мулоқоти онҳо бо фоҷиа анҷом ёфт?

Ростӣ, писарам дар куҷо бо занаш вохӯрд ва чӣ гуфтанду чаро кор то куштору худкушӣ рафта расид, намедонам, чунки баъди гирифтани маълумотнома Ҳамдам хоҳиш кард, ки рафта шиками набераҳоямро сер кунам ва онҳоро ба мактаб гусел намоям. Гуфтам, ки биё ҳамроҳ справкаро бурда медиҳему баъд ба хона меравем, вале “дадо, ман зуд расида меоям” гӯён, маро ба хона гусел кард. Агар медонистам, ки чӣ фоҷиаи бузурге моро интизор аст, ба марги худ розӣ мешудам, вале ҳаргиз иҷозат намедодам, ки писарам танҳо равад…

-Тахминан баъди чанд соати ҷудо шуданатон ин фоҷиа рӯй дод?

-Аниқ гуфта наметавонам, ки баъди чанд соат ин ҳодисаи нохуш рӯй додааст, фақат ҳамин қадараш дар ёдам ҳаст, ки нисфирӯзӣ ба писарам занг зада гуфтам, ки биё хӯрок мехӯрем. Дар ҷавоб Ҳамдам гуфт, ки аз ӯ боз баёнот гирифтаанд, барои ҳамин камтар банд шудааст. Ваъда дод, ки ба зудӣ ба хона меояд, вале соат аз ду гузашту аз вай дарак нашуд. Дубора занг задам, то фаҳмам, ки чаро дер карда истодааст, аммо телефонаш аллакай хомӯш буд…

Дар байни мардум овозае ҳаст, ки гӯё келинатон бе розигию иҷозати шавҳараш  ба Русия рафтааст ва муноқишаи онҳо аз ҳамин ибтидо гирифта, билохира кор то куштор расидааст. Ин овозаҳо асос доранд?

Келинро худамон бо хушӣ ба муҳоҷират гусел кардем, вале баъди рафтанаш муносибати ӯ бо шавҳараш дигар шуд. Гуландом телефонӣ бо шавҳараш ҷанҷол карда, таҳдид менамуд, ки аз ӯ ҷудо мешавад. Рафтори занаш Ҳамдамро маҷбур намуд, ки роҳи Русияро пеш гирад. Ман аз рӯйи нақли писарам фаҳмидам, ки дар ҳамон ҷо ҳам Гуландом худашро аз ӯ дур мегирифтааст. Дар Русия ҳатто 4 кас писарамро лату кӯб карда буданд, вале дар ин кор келин даст дошт ё не, намедонам. Хулоса, Ҳамдам бо қарзу қавола аз Русия багашта, шиква намуд, ки занаш тамоман тағйир ёфтааст ва аз рӯйи як симкорт гапашон гурехта, вақти кашмакаш ангушти Гуландом шикастааст…

Барно Икромова:

Писарам занашро аз ҷонаш бештар дӯст медошт

Барно Икромова, модари ғамзадаи Ҳамдам он рӯзи наҳсу шумро ба ёд оварда мегӯяд:

-Беҳуда намегуфтаанд, ки бало танҳо намеояд, аз марги бародарам нав 8 рӯз гузашта буд, ки писарам ғурамарг шуд. Ҳамон рӯзи шум ман дар хонаи акоям будам, вале дилам пешомади нохушеро ҳис кардагӣ барин худ аз худ сиёҳӣ овардан гирифт. Гуфтам, ки сари қадам ба хона рафта, аз ҳоли набераҳоямро хабар мегираму бармегардам. Вақте ки аз дар даромадам, шавҳарам хӯрокро гарм мекард. Пурсидам, ки Ҳамдам дар куҷост. “Келин навис-навис кардааст, барои ҳамин ӯро ҷеғ заданд” гуфт шавҳарам ва зери лаб ғур-ғур кард, ки бачаи аҳмақ думи занашро ҳеҷ раҳо кардан намехоҳад, вале келин фикри оштӣ шудан надорад. Вай ҳатто хотири рӯйи ду фарзандаш ҳам бо Ҳамдам зиндагӣ карданӣ нест, чӣ лозим аз паси чунин зан давида гаштан… Хулоса, шавҳарам аз писарам гила дошт, вале дили маро гургон тала мекарданд, ки барои чӣ то ҳол Ҳамдам ба хона барнагаштааст. Гуфтам, ки ҳамагӣ 20 дақиқа роҳ аст, вале аз омадани шумо аллакай ду соат гузаштаасту то ҳол аз писаратон дарак нест. Барои чӣ як бор занг зада намепурсед, ки чаро ту ин қадар дер карда истодаӣ. Мабодо бачаи беақл ягон номаъқулӣ карда ба сарамон ягон бало наорад? Занг зада фаҳмед, ки вай дар куҷост ва кай меояд? Мардакам се бор занг заданд, вале гудок рафту касе ҷавоб надод. Вақте ки маротибаи чорум занг задем, “телефони муштарӣ хомӯш карда шудааст” гуфт. Хавотир шуда аз шавҳарам хоҳиш кардам, ки ба акояш занг зада, дар куҷо гаштану чаро бедарак шудани Ҳамдамро пурсанд. Писари калониамон аввал дилу бедилон бо ман гап зад. Пурсидам, ки дилаш чӣ мехоҳад, вале ягон чиз напазед гӯён, хоҳиш кард, ки телефонро ба падараш диҳам. Падару писар чӣ гуфтанд, нашунидам, вале шавҳарам бе хайрухуш баромада рафтанд. Гумон кардам, ки шояд ягон кори зарури писарам баромадаасту падараш ба кӯмаки ӯ рафт, вале камтар пас шавҳарам бо табъи хира аз дар даромаданд. Аз авзои шавҳарам ба таври худ маънӣ бардошта гуфтам: “Ҳамдам боз аз думи ҳамон занаш давида гаштаст-мӣ? Рӯзи дароз аз пушти ҳавай зан сарсону саргардон будагист….” Шавҳарам якбора инони ихтиёр аз даст дода “Ҳамдам нагӯ” гӯён, бо ду даст сарашонро маҳкам дошта, бо тамоми овоз ба нола даромаданд. Нолаи ҷонгудози шавҳарам маро ба ҳолати шок андохт, аз дарду алам чунон банди ду поямро сахт пучидаам, ки то ҳол сип-сиёҳ (ин модари зор рони пойҳояшро нишон дод, ки бо вуҷуди аз ҳодиса 8 рӯз гузаштан, то ҳол доғҳои сиёҳу кабуди зераш хунбаста тоза нашуда буданд).

-Шумо чанд маротиба ишорат кардед, ки писаратон аз думи занаш давида мегашт. Чаро ҳамсараш дигар бо ӯ зиндагӣ кардан намехост?

исарам аз давраи мактабхонӣ Гуландомро дӯст дошта, дар ишқи ӯ чунон Маҷнун гашта буд, ки дигар на ягон паричеҳра ба назараш менамуд ва на падару модараш. Аз мо дида занашро бештар дӯст медошт, вале аз рӯзе, ки келин ба Русия рафт, байнашон носозгорӣ сар шуд. Намедонам дар он ҷо ба Гуландом чӣ шуд, ки якбора аз шавҳар ва фарзандонаш дил канда, дигар бо ту зиндагӣ намекунам мегуфт. Писарам, ки занашро аз ҷонаш бештар дӯст медошт, мудом аз пасаш давида мегашт. Худатон як андеша кунед, охир кӣ мехоҳад, ки оилааш бе ягон сабаб вайрону фарзандонаш зиндаятим шаванд?!

-Овозае ҳаст, ки ин фоҷиа аз рашк сар задааст. Писаратон ба ягон шахси конкретӣ занашро рашк мекард ё ҳатто аз сояи худаш ҳам гумони бад мебурд?

Писарам чунон Гуландомро дӯст медошт, ки на ҷангу ҷанҷоли келин ба назараш менамуд ва на гап гапҳои дар ҳақи занаш мегуфтаи мардум. Доим як гапро такрор мекард, занам чӣ хатое, ки накунад, чӣ гуноҳе, ки накунад, ман ӯро мебахшам, чунки аз ҷонам зиёдтар дӯсташ медорам. Муҳаббати зиёд оқибат то ба фоҷиа оварда расонд.

Зайнаб Деҳқонова:

      Гули  моро Маҷнунаш хазон кард

Баъди суҳбат бо волидони ҷавон мо роҳи хонаи падари Гуландоми ғурамаргро пеш гирифтем. Зайнаб Деҳқонова, модари мусибатзадаи Гуландоми ормонӣ бо алам мегӯяд:

 -Духтари ягонаам Гуландом ҳанўз мактабхон буд, ки Ҳамдам ба ў дил баста, падару модарашро ба хостгорӣ фиристод. Ростӣ, чандон майли бо ин оила қудо шудан надоштем, вале бо Ҳамдам Майлию Маҷнун будани духтарамонро фаҳмида ночор розигӣ додем. Бовар мекунед, ҳатто баъди бо Ҳамдам номзад шуданаш низ ба Гуландом хостгор мебаромад. Зорию тавалло мекарданд, ки фотиҳаро гардонем, вале духтарам ба ғайри ҳамон ошиқи сархураш дигар касеро намехост…

-Бо чунин ишқу муҳаббати бузург хонадор шуда будаанд, пас, чаро Гуландом якбора аз шавҳараш дилсард шуда, масъалаи ҷудоиро ба миён гузошт?

-Ба оиладориашон 12 сол шуда бошад ҳам, ҳафта ё моҳе набуд, ки духтарам аз шавҳараш шатта нахӯрад. Духтарам чанд бор шикоят карда гуфт, ки шавҳараш ҳатто дар хобаш ҳам ӯро буғӣ карда куштанӣ мешавад. Ба хушдоманаш гуфтам, ҳатто ба падари домод фаҳмондам, ки писарашон солим нест, як бор ӯро ба назди духтур баранд, вале аз паси кору бори саҳро овора шуда, ба фарзандашон аҳамият надоданд. Бепарвоии падару модараш боиси он гашт, ки Ҳамдам аз рашк ҳам сари занашро хӯрду ҳам даст ба худкушӣ зада, риштаи умрашро бо дасти худаш барканд.

Шумо танҳо аз рӯйи гапи духтаратон мегӯед, ки домодатон бемор буд ё ягон далели дигар ҳам доред?

Аввалҳо ман ба касал будани домодам бовар намекардам, вале баъди оне ки ба хонаам омада маро буғӣ кард, фаҳмидам, ки ин бача чандон солим нест. Ҳамон рӯз, агар келинам маро аз чанги ӯ халос намекард, кайҳо ҷон ба ҷонофарин месупоридам. Пас аз ҳамон ҳодиса ба назди қудо рафта гуфтам, ки писаратон руҳан солим нест, ӯро ба назди ягон духтур бурда табобат кунед, аммо аз санг садо буду аз онҳо не!


Нӯъмонҷон Ғафуров:

Аз рашк девона шуд

Нӯъмонҷон Ғафуров, падари Гуландоми ғурамарг бар он андеша аст, ки деви рашк дар вуҷуди домодаш ҷо гирифта, ӯро девона кардааст. Ин падари аламзада бо ҳасрат мегӯяд:

-Гуландом ва шавҳараш мисли Лайливу Маҷнун буданд. Домод духтарамро беҳад  дўст медошт, шояд аз ҳамин дўстдорӣ буд, ки сахт рашк мекард. Гуландом як моҳ пеш аз муҳоҷират баргашта, гуфт, ки дар он ҷо низ шавҳараш ӯро ба ҳар як касу нокас рашк карда, борҳо лату кўб кардааст. Аз рӯйи нақли духтарам шавҳараш ӯро бе ягон асос дар тардоманӣ гунаҳкор карда, ҳатто як ангушташро зада шикастааст. Борҳо ба идораи ҷамоат ва кумитаи маҳалла муроҷиат кардам, ки домод духтарамро азоб медиҳад. Ҳамдам ҳар дафъа ваъда медод, ки дигар занашро озор намедиҳад ва такрор ба такрор мегуфт, ки Гуландомро дўст медорад ва ба ҷуз марг касею чизе онҳоро аз ҳам ҷудо карда наметавонад. Ба хотири он ки духтарамро ором гузорад, ба милиса муроҷиат кардем, вале…

-Ҳамдам ҳамон рӯз ҳамсарашро аз хонаи шумо гирифта бурд ё онҳо дар ягон ҷо тасодуфан рӯ ба рӯ шудаанд?

Ҳамон рўз писари хурдияш Давлатҷон табъ дошт. Гуландом кӯдакро ба ман монда, ба милисахона рафту бо ҳамин то нимаи рўз аз ў дарак нашуд. Аз рўи нақли шоҳидон вақти аз шуъбаи корҳои дохилӣ баргаштани духтарам аз нимаи роҳ домод низ ба ҳамон мошин савор мешавад ва дар назди мусофирон занашро оғўш карда, хушзабонӣ мекунад. Гуландом аз ин рафтори шавҳараш хиҷолат кашида, худашро аз вай дур мекашад. Ронанда барои ин кораш Ҳамдамро ҳатто каме маломат мекунад, вале дар ҷавоб мегӯяд, ки бо ягон одами бегона не, бо ҳамсари қонунии худаш меҳрубонӣ карда истодааст ва мефармояд, ки мошинро нигоҳ дорад. Шавҳараш Гуландомро мисли арӯс рӯйи даст бардошта аз мошин мефарорад, вале баъди рафтани мошин ӯро ба як ҳавлии бегона дароварда, бераҳмона ба қатл мерасонад, сипас гурехта дар оғилхонаи як ҳавлии дигар худашро овехта мекушад.

Ин падари аламзада дар сӯги гулдухтари ҷавонмаргаш зор-зор гиря карда, афсӯс мехӯрд, ки кумитаи  маҳалла, ҷамоат ва дигар масъулини мақомотҳои гуногуни маҳаллӣ аз моҷарои ин зану шавҳари ҷавон огоҳӣ дошта бошанд ҳам, фоҷиаро пешгирӣ карда натавонистанд ва билохира кор бо куштор ва худкушӣ анҷом ёфт. Фарзандони хурдсоли Гуландом ва Ҳамдам дар як рӯз ҳам падар ва ҳам модарашонро аз даст дода, куллан ятим гаштанд. Дар оянда ин ятимаконро чӣ интизор аст, инро ба ҷуз Худованд дигар касе намедонад…

                                           Фарзона Муродӣ

                         Хуҷанд-Конибодом-Хуҷанд

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *