Аҳтам Абдуллозода: Рӯзноманигорон дар рушди варзиш саҳми арзанда доранд
10 марти соли равон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо иштироки як гурӯҳ хабарнигорони варзиш чорабинии идона доир гардид.
Аҳтам Абдуллозода, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабарнигоронро бо иди касбиашон табрик гуфт.
— Хабарнигорон дар ҷомеа рисолати бузург доранд. Хусусан, дар соҳаи варзиш. Намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳастанд, ки дастоварди варзишгаронро саривақт ба ҷомеа мерасонанд ва ифтихори варзишгаронро миёни ҷомеа қисмат мекунанд. Ба ин восита ҳисси қаҳрамон будан, ҳисси ғалабаро дар ниҳоди мухлисону ҳаводорони варзиш бедор менамоянд, — гуфт А. Абдуллозода аз саҳми журналистон дар оммавӣ гардонидани соҳаи варзиш ёдовар шуда.
Дар идома қайд гардид, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумита азнавсозӣ шуд. Барои 13 федератсияи варзишӣ Маркази федератсияҳои миллии варзишӣ ба истифода дода шуда,осорхонаи “Шарафи олимпӣ, сомонаи Кумита бо ду забон – тоҷикӣ ва англисӣ фаъол гардид.
Инчунин зикр шуд, ки бо супориши Пешвои миллат дар таърихи Тоҷикистон бори аввал дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим Гурӯҳи корӣ ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои Осиё ва Бозиҳои олимпӣ таъсис ёфт. Ҳамчунин, варзишгарони беҳтарин ва мураббиёну довароне, ки дар нафақа ҳастанд, аз ҳисоби буҷаи давлат стипендияи ҳармоҳа дарёфт хоҳанд кард.
Бо хушҳолӣ қайд гардид, ки бо дастури Пешвои миллат ва ташаббуси раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2017 дар пойтахт 75 майдончаи варзишӣ сохта шуда, сохтмони 92 майдончаи дигар ҷараён дорад. Тибқи супориши Роҳбари давлат бо истифода аз таҷрибаи шаҳри Душанбе то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ майдончаҳои варзишӣ сохта хоҳанд шуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш хабарнигорон бо азнавсозиҳои КМОТ шинос шуда, осорхонаи “Шарафи олимпӣ”-ро тамошо карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ