Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Барои бастани қарордодҳои муҳим ва хариди калон рӯзи басо мувофиқ аст. Ба худ боварӣ дошта бошед дигарон низ ба шумо бовар хоҳанд кард. Калонҳои оила аз рафтори шумо на ҳамеша розианд ва хоҳу нохоҳ ба зиндагиатон шарик мешаванд. Барои пешгирии бемориҳои ирсӣ истеъмоли маҳсулоти гӯштиро кам намуда бештар сабзавот ва меваҷот истеъмол кунед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Пеш аз оғози ҳар коре хуб андеша намоед, ҳама фоидаву зарарашро ба назар гирифта сипас аз паси он шавед. Бо атрофиён зиёд баҳс накунед. Хатари бастани қарордои бебарор ва бохти маблағи зиёдмавҷуд аст.Саломатиатон имрӯз шуморо ташвиш намедиҳад. Барои шиносоии нав ёвақтгузарони бо шиносҳои дерина вақти хуб аст.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Аз лиҳози иқтисодӣ рӯзи бобарор нест. Маҷбӯр мешавед хароҷоти калон кунед. Муомилаатон бо ҳамкорон вайрон мешавад,онҳо аз шумо талаботи зиёд доранд. Барои мулоқоти ошиқона ва шиносоии берун аз кор рӯзи хуб аст. Агар шумо фикрҳои манфиро аз сар дур накунед ягон доруву табибнаметавонад ба дардатон даво бахшад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Барои ворид намудани навгониҳо ба зиндагиатон рӯзи мувофиқ аст. Дар коргоҳ эҳтиёткор бошед. Ҷуброни хатои шариконро маҷбур мешавед ба танҳои бипардозед. Барои солимии рӯҳ ва тан пиёдагардӣ ва истеъмоли витаминҳо зарур аст. Бегоҳ хабареро дар мавриди шахси наздикатон мешунавед,хушҳол мегардонадатон.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Нимаи аввали рӯз хело бобарору муваффақ аст. Муошират бо тифлакон ва аъзои хурдсоли оила хело хуб мегузарад. Аммо бо калонсолони забон ёфтан мушкилтар мешавад. Нимаи дувуми рӯз хабари нохуше табъатнро хира мекунад. Барои оромии асаб аз доруҳои махсус истифода кунед. Дар назди компютер камтар нишинед, чашмонатонро эҳтиёт кунед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Бисёр рӯзи мушкил аст. Бо онҳое, ки ақидаашон ба шумо рост намеояд баҳс накунед. Беҳтараш аз ҷамъомалҳо ва маъракаҳои серодам дур бошед. Саломатиатон имрӯз хуб аст. Кӯдаконро ба хонаи бибиаш фиристода, бегоҳ бо ҳамсаратон ба тарабхона равед. Нақшаи инкишофи нимсолаи кориатонро имрӯз метавонед тарҳрезӣ кунед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Рӯзи хубу бобарор аст. Ҳамаи пешниҳодҳои шумо ба хубӣ пазируфта мешаванд. Кушишҳоятонро роҳбарият қадр мекунад. Эҳтимол вазифаи як зинна болотарро соҳиб шавед. Мавриди таваҷуҳи зиёди ҷинси муқобил қарор мегиред. Шиносоии нав шояд ба ишқу муҳаббат мубаддал гардад. Фаромуш накунед, ки ду харгӯшро ба якборагӣ шикор кардан номумкин аст.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Рузи муқаррарист. Оромона аз раси иҷроиши корҳои ҳамарӯзаатон шавед.Агар оромиро аз даст надиҳед ва табъатонро болида нигох доред корҳоятон бобарор анҷом меёбанд. Аз оилаи худ дур нашавед барояшон бештар вақт ҷудо кунед. Фаромуш насозед, ки дар мушкилот кумакрасони асосии шумо онҳо хоҳанд буд.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Хело боэҳтиёт бошед ба ҷуз худ ва наздикон ба касе бовар накунед. Рӯзи басо мушкил аст, вале агар сабур ва мулоҳизакор бошед аз ин ҳолат бе хисороти ҷиддӣ мебароед. Ба танқид ва эроди атрофиён аҳамият надиҳед оне, ки рафтори шумо ба касе писанд нест мушкили худи ӯст на шумо. Аз хурдани гӯшти нимпаз ва сосискаҳои хом худдорӣ намоед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Руз барои оғози корҳои мушкил мувофиқ аст. Шумо пур аз неруи тозаед ва қодиред, ки аз ӯҳдаи иҷрои мушкилтарин кор ба осонӣ бароед. Барои мулоқотҳои ошиқона рӯзи мувофиқ нест. Бо дӯстон ба футболбозӣ равед. Бо аҳли оилаатон бештар вақт гузаронед. Имрӯз сахтгирӣ ва ҷиддиятро канор гузоред наздиконро бо сухани хуш ва муомилаи хуб ба ҳайрат оваред.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Эҳтимоли гирифтани пешниҳодҳои ҷолиби корӣ ва шахсӣ ҳаст. Вазъи молиатон хуб мешавад. Соҳибкорон имконияти бастани қарордоҳои муҳимро мегиранд. Бегоҳ барои шахсеро, ки бароятон муҳим аст вомехуред. Ҳатто асабҳои шумо низ ба оромӣ ниёз дорад. Бештар хоб равед то тану рӯҳатон ором гирад . Муносибат бо ҳамсаратон хело хуб аст, вале барои дар ин вазъ нигоҳ доштанаш ҳамарӯз кӯшиш кушиш кунед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Рӯзи хушу ором аст. Бо ҳамкорон муносибати хуб доред ва роҳбарият низ нисбати шумо эҳтиром қоил аст. Фурсати он расидааст, ки ба машқҳои сабуки ҷисмонӣ машғул шавед. Синну солро баҳона наоваред, инсон бояд дар ҳама синну сол танашро солиму зебо нигоҳ дорад. Ба ҳамсаратон бештар этиром гузоред, зеро ӯ ба ин сазовор аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75
Шарҳ