Аҷуза бахтамро дуздид

Худованд ба яке бахт медиҳаду ба дигарӣ тахт гуфтани бузургон беҳуда нест. Парвардигор ба ман ҳусну ҷамоли беназир додааст. Суратамро дар оина дида худам ба худам ошиқ мешавам, вале аз ин зебоӣ ва ҳусну ҷамол суде нест. Дар мактаб қариб тамоми бачаҳо бо ҳавас ба ман менигаристанд, вале ба ҷуз ду-се авбошсурат дигар ягон нафар ҷуръат намекард, ки ошкоро ба ман изҳори муҳаббат намояд. Ҳис мекардам, ки маро дӯст медоранд, вале аз ошкор кардани рози дилашон метарс анд. Оре, метарсиданд, метарсиданд, ки ман бо ҳусну ҷамолам болида, муҳаббаташонро қабул намекунам. Ҳамин тавр мактаби миёнаро хатм намуда ба донишгоҳ дохил шудам. Рӯзе дар китобхона машғули мутолиа будам, ки ҷавони зебое омада дар паҳлӯям нишаст. Эҳсос кардам, ки чашми ҷавон дар китоб бошад ҳам, бо қирраи чашмаш тез-тез ба ман менигарад.  Мехостам аз байни писарон ақаллан як дӯст дошта бошам, аз ҳамин хотир вақте дар куҷо хонданамро пурсон шуд, росташро гуфтам. Баъди супурдани адабиёт вай маро то истгоҳ гусел кард. Минбаъд ӯро дар китобхона тез-тез вомехӯрдам. Дар бораи адабиёт соатҳо бо ҳамдигар суҳбат карда, мо бо ҳам дӯстони қарин шуда мондем. Оҳиста-оҳиста меҳри ин ҷавон дар дилам ҷо шуд, агар рӯзе Дилшодро набинам, чизеро гум кардагӣ барин, беқарор мешудам. Гумон доштам, ки Дилшод низ маро дӯст медорад, вале…

Як рӯз нав аз дарс баромада будам, ки занг зад. Гӯширо бардоштам. Бонуҷон, мо шуморо дар истгоҳи ҷазира интизорем гуфту телефонро хомӯш кард. Аз хурсандӣ болу пар бароварда ба наздаш парвоз кардам, аммо Дилшодро танҳо не, бо духтараке ҳамоғӯш дидаму тарбуз аз бағалам афтид. “Шинос шавед, ин Ҳабиба, арӯси ман” гӯён, Дилшод маро бо ҳамроҳаш шинос кард ва ширин табассум намуд. Саропои Ҳабибаро синчакорона аз назар гузарондам, вале ҳарчанд ҷустам, дар ӯ аз ҳусну ҷамол осоре пайдо карда натавонистам. Аламам омад, ки вай ҳамин аҷинаро аз ман болотар донистааст ва оби дидаам беихтиёр ба рӯям шорид. Дилшоду арӯсаш ҳайрон шуда, сабаби гиря кардани маро пурсиданд. “Шуморо дидаму раҳматӣ духтари амакам, ки чанд сол беш аз олам гузашта буд, ба ёдам расид. Шумо мисли як себи дукафон ба ӯ монандед” гуфта, худамро сафед кардам ва серкор буданамро баҳона карда аз онҳо дур шудам. Ба хона расида, худамро болои диван партофтам ва то саҳар мижа таҳ накарда гиристам. Ҳайронам, чаро ҷавонон духтарҳои зеборо монда, ким-кадом як аҷинаҳои сари роҳро ба занӣ мегиранд? Ҳамон Ҳабибаи хунукрӯй аз ман чӣ бартарӣ дорад, ки Дилшод маҳз ӯро интихоб кардааст? Зиндагӣ бе Дилшод бароям маъниашро гум кардааст. Намедонам, сарамро ба кадом дар занам ва чӣ чора биҷӯям, то дилам таскин ёбад. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Моҳистон, хонандаи  шумо

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

19 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *