Даргузашти Владимир Лившитс – охирин донандаи бузурги забони суғдӣ

Чанде пеш дар сини 93 – солагӣ яке аз донандагони шинохтаи забони суғдӣ, тоҷикшинос, эроншинос, забоншинос ва шарқшиноси маъруф профессор Владимир Аронович Лившитс аз дунё даргузашт.

Владимир Лившитс соли  1923 дар Петроград (ҳозира Санкт – Петербург) ба дунё омадааст. Соли 1940 ба кафедраи эроншиносии факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград дохил шуда, баъди як соли таҳсил ба фаронт даъват мешавад ва то охири ҷанг дар набардҳои зиддигитлерӣ ширкат меварзад. Соли 1948 баъди хатми донишгоҳ ба аспирантураи Институти шарқшиносии АИ СССР шомил шуда, дар мавзӯъи «Ҷойнишин дар забони афғонӣ (пашту)» рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунад. Баъдан ӯ чанд муддат дар Институти забон ва адабиёти АИ ҶТ ба фаъолит пардохта дар баробари ин дар Институти педагогии Душанбе аз таърихи забони форсӣ ва тоҷикӣ дарс медиҳад. Соли 1965 дар мавзӯъи «Ҳуҷҷатҳои суғдии кӯҳи Муғ: ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва мактубҳо» рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. Соли 1979 чун лингвист аз рӯйи ихтисоси «Забони форсӣ» унвони профессориро дарёфт намуд. Дар баробари ин Лившитсро ба узвияти Академи илмҳои Британияи Кабир пазируфтанд. Олим аз соли 1958 то соли 2016 дар филиали Санкт-Петербургии Институти шарқшиносии АИ ФР фаъолият дошт.

Владимир Аронович Лившитс доир ба таърихи забони тоҷикиву форсӣ ва суғдӣ, таърихи давлатҳои қадимии Суғду Хоразм, оини Зардуштӣ ва намунаҳои хаттии даврони Суғду Хоразм китобу асарҳои зиёде ба табъ расонидааст.

6. 12. 2013 Н.Г. Хоҷаева ва Ш. Ф. Қурбонов намояндагони Тоҷикистон дар ҷашни 90-солагии В.А. Лившитс меҳрнома ва тӯҳфаҳои ҳамкорони Тоҷикистониашонро мерасонанд. (акс аз бойгонӣ)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *