Абдулфаттоҳи Ғоиб: байни Хадамоти гумрук ва Тоҷикстандарт нофаҳмие вуҷуд надорад
Дар давраи ҳисоботӣ, аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, 2704 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ ошкор карда шудааст, ки 22 ададаш ҷиноят Буда, аз он 13 ҳолат ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, 2 ҳолат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва 5 ҳолат ба дигар ҷиноятҳои соҳаи фаъолияти гумрук, 2 ҳолат ба ҷиноятҳои дар ҳамкорӣ бо дигар мақомот ошкоршуда, марбут мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар ду ҳолати ошкор кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ба миқдори умумии 10 кг 226 гр маводи нашъаовари навъи «ҳашиш» мусодира карда шуд. Дар натиҷаи баррасии 2682 парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, 2449 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 2967,8 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва ба маблағи 4068,6 ҳазор сомонӣ ҷарима ба Буҷети давлатӣ ситонида шуд. Инчунин, ба маблағи 495,4 ҳазор сомонӣ молҳо мусодира карда шуда, дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ ба маблағи 4475,0 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шуд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Абдулфаттоҳи Ғоиб.
Абдулфаттоҳи Ғоиб дар посух ба саволи хабарнигори “Тоҷикистон” дар мавриди нофаҳмиҳо ё ихтилофҳо байни Хадамоти гумрук ва Тоҷикстандарт инчунин ниҳон аз чашми гумрукчиён ворид шудани молу ғизоҳои пастсифат иброз дошт, ки байни Хадамоти гумрук ва Тоҷикстандарт ҳамкориҳои судманд вуҷуд дорад нофаҳмие байни мо нест ва он маҳсулотҳое, ки ғайриқонунӣ ворид мешаванд аксарашон бо роҳи қочоқ аз васеъ будани сарҳад истифода карда ворид мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ