Роғун: Шӯъбаи маориф соҳиби бинои нав мешавад

Бахшида ба ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза меёбад.

Дар баробари дигар бахшҳои муҳими хоҷагии халқ  соҳаи маориф ҳам рушд меёбад. Шуъбаи маорифи шаҳр то ҳол дар бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ ҷойгир буда, дар он  барои корҳои амалию методӣ тамоман шароит нест. Бинои  чорошёнае, ки даврони шӯравӣ сохтмонаш нотамом монда буд, аз ҳисоби  маблағҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ  Вазорати маориф ва илм азнавсозӣ шуда истодааст. Дар ин бино шуъбаи ҷавонон низ ҷой дода мешавад, ки ин туҳфаи арзандаест   дар арафаи ҷашни  25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон барои маорифчиён ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Роғун.

Наҷмиддин Худоиев,

ш. Роғун

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *