Абдулло Абдулло: Тоҷикистон дар сулҳи Афғонистон нақши калидӣ хоҳад дошт
Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ пас аз мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сафорати кишвараш дар Душанбе бо рӯзноманигорон мулоқот намуд.
Дар ин вохӯрӣ ӯ аз ҷузъиёти сафари хеш ба Тоҷикистон ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт. Ӯзикр кард, ки Тоҷикистон дар раванди сулҳи Афғонистон нақши муассир хоҳад дошт.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт, дар даври дуввуми музокирот аз ду хостаи бисёр возеҳи Афғонистон — расидан ба сулҳи боиззат ва ҳифзи дастовардҳо ва ҳуқуқи ҳама мардуми Афғонистон пуштибонӣ хоҳанд кард. Вай, ки бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон омадааст, гуфт, бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон давоми 2,5 соат асосан дар масъалаи сулҳ гуфтугӯ кардаанд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи 21-уми декабр дар раъси як ҳайати баландпоя ба Душанбе ташриф овард. Ӯро дар ин сафар шуморе аз вакилони Луи Ҷиргаи Афғонистон намояндагӣ мекарданд. Раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон дар ду рӯз бо Раиси Маҷлиси Намояндагон, вазири корҳои хориҷӣ, сарвазир ва раисҷумҳури Тоҷикистон дидор дошт.
Сафари Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки талошҳо барои даст ёфтан ба созиши сулҳ ва поёни ҷанг дар Афғонистон, дар ин авохир афзоиш ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ